Песков гуфт, дар мавриди идеяи Макрон бояд назари Толибонро пурсид

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Обуна шудан
Ҷониби Русия мегӯяд, пешниҳоди Фаронса барои ташкили минтақаи махсуси амниятӣ дар Кобул таҳти назорати СММ, ниёз ба баррасӣ дорад
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия назарашро дар мавриди пешниҳоди Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса барои ташкили минтақаи махсуси амниятӣ дар Кобул баён дошт. Ба гуфтаи Песоков ин идея бояд баррасӣ шавад.
"Пешниҳоди Макрон барои ташкили минтақаи махсуси амниятӣ дар Кобулро бояд баррасӣ кард, бояд назари Толибонро* дар мавриди ин пешниҳод фаҳмид", - хабар додааст РИА Новости аз қавли Песков.
Президент Беларуси Александр Лукашенко и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
"Вазъият душвор аст": Лукашенко ҷузъиёти гуфтугӯ бо Раҳмонро ифшо кард
Ахиран раисиҷумҳури Фаронса гуфт, Порис ва Лондон аз СММ даъват доранд, ки сари ташкили минтақаи махсуси амниятӣ дар Кобул корбарӣ намояд.
Ба гуфтаи Макрон, Фаронса ва Бритониё ба СММ тарҳеро пешниҳод хоҳанд кард, ки тибқи он дар Кобул таҳти назорати СММ минтақаи махсус ташкил карда шавад, ки ба идомаи амалиёти башардӯстӣ мусоидат мекунад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар суҳбат бо Макрон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарин ҷонибдори таъсиси як давлати сулҳҷӯёна ва устувор бо нақши марказии ҳамоҳангсозии СММ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0