https://sputnik.tj/20210830/halokat-jarohati-kudak-sadama-naqliyot-1041963626.html
Ҳалокати 4 кӯдаку наврас дар садамаҳои нақлиётии ду рӯзи охир
Ҳалокати 4 кӯдаку наврас дар садамаҳои нақлиётии ду рӯзи охир
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати 4 кӯдак ва ҷароҳати як хурдсол дар садамаҳои нақлиётии ду рӯзи охир хабар додааст 30.08.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-08-30T13:50+0500
2021-08-30T13:50+0500
2021-08-30T13:50+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
пиёдагард
ҳалокат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1f/1033106263_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_286e65baee391c3079f30a04cc5b9b8f.jpg
ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik. ВУД мегӯяд, шоми 28 август ронандаи 26-cолаи "Опел", ду ноболиғ, Қосимовҳо Шокирҷони 16-сола ва Аҳмади 7-сола, сокинони ноҳияи Шоҳмансурро зер кардааст. Ба иттилои манбаъ, ҳодиса замоне рух дод, ки "Опел" таҳти идораи ронандаи 26-сола, сокини ноҳияи Варзоб аз кӯчаи Дӯстии Халқҳо ба самти Анзоб ҳаракат мекардааст. Дар натиҷа ҳарду ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, наврас дар беморхона ба ҳалокат расидааст.Ҳодисаи дигар низ дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, ки кӯдаки яксола дар кӯчаи Мастонгулов пеши хонааш зери чархи таксӣ мондааст. ВУД мегӯяд, хурдсол дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Садамаи дигар, ки бо марги кӯдак анҷомидааст, дар роҳи Ваҳдат - Рашт ба қайд гирифта шудааст. Ронандаи 30-солаи "Опел", сокини ноҳияи Нуробод ҳангоми ҳаракат ба самти ноҳияи Рашт аз уҳдаи воситаи нақлиёт набаромад, онро дар канори роҳ чаппа кардааст. Дар натиҷа мусофири дусолаи ин мошин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст, иттилоъ дод ВУД. Бархӯрди дигар, ки бо марги ноболиғ анҷомидааст, дар шаҳри Хуҷанд ба қайд гирифта шудааст. Ронандаи мошини "Хонда-СРВ" дар вақти баромадан ба роҳи асосӣ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи "Тойота-Каролла-Версо" бархӯрдааст. Дар пайи ин мошини "Тойота" ба бетони канори роҳ бархӯрда, чаппа шудааст. Мусофири 15-солаи "Тойота" ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210830/ronandai-taksi-modaru-kudak-peshi-hona-vkd-aks-1041962113.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1f/1033106263_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_ed3e38646a790e28395076205360c02c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, пиёдагард, ҳалокат
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, пиёдагард, ҳалокат
Ҳалокати 4 кӯдаку наврас дар садамаҳои нақлиётии ду рӯзи охир
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати 4 кӯдак ва ҷароҳати як хурдсол дар садамаҳои нақлиётии ду рӯзи охир хабар додааст
ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik. ВУД мегӯяд, шоми 28 август ронандаи 26-cолаи "Опел", ду ноболиғ, Қосимовҳо Шокирҷони 16-сола ва Аҳмади 7-сола, сокинони ноҳияи Шоҳмансурро зер кардааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса замоне рух дод, ки "Опел" таҳти идораи ронандаи 26-сола, сокини ноҳияи Варзоб аз кӯчаи Дӯстии Халқҳо ба самти Анзоб ҳаракат мекардааст. Дар натиҷа ҳарду ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, наврас дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳодисаи дигар низ дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, ки кӯдаки яксола дар кӯчаи Мастонгулов пеши хонааш зери чархи таксӣ мондааст. ВУД мегӯяд, хурдсол дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Садамаи дигар, ки бо марги кӯдак анҷомидааст, дар роҳи Ваҳдат - Рашт ба қайд гирифта шудааст. Ронандаи 30-солаи "Опел", сокини ноҳияи Нуробод ҳангоми ҳаракат ба самти ноҳияи Рашт аз уҳдаи воситаи нақлиёт набаромад, онро дар канори роҳ чаппа кардааст. Дар натиҷа мусофири дусолаи ин мошин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст, иттилоъ дод ВУД.
Бархӯрди дигар, ки бо марги ноболиғ анҷомидааст, дар шаҳри Хуҷанд ба қайд гирифта шудааст. Ронандаи мошини "Хонда-СРВ" дар вақти баромадан ба роҳи асосӣ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи "Тойота-Каролла-Версо" бархӯрдааст. Дар пайи ин мошини "Тойота" ба бетони канори роҳ бархӯрда, чаппа шудааст. Мусофири 15-солаи "Тойота" ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.