https://sputnik.tj/20210830/ronandai-taksi-modaru-kudak-peshi-hona-vkd-aks-1041962113.html
"Ронандаи таксӣ модару кӯдакро пеши хона расонду хурдсолро зер кард": шарҳи ВКД - акс
"Ронандаи таксӣ модару кӯдакро пеши хона расонду хурдсолро зер кард": шарҳи ВКД - акс
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳолати зери чархи мусофирбар мондани кӯдаки яксоларо шарҳ дод
2021-08-30T12:47+0500
2021-08-30T12:47+0500
2021-08-30T12:47+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
нақлиёт
садама
пиёдагард
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102852/66/1028526609_0:98:1920:1178_1920x0_80_0_0_4deb0f4f429662f605d70908172d1de3.jpg
ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, нохушии маргбор 29-уми августи соли 2021, тахминан соати 10:10 рух додааст. Ба иттилои манбаъ, ронандаи мошини "Хундай-Саната", Нозимов Хуррам, сокини 29-солаи шаҳри Душанбе дар кӯчаи Мастонгулови пойтахт Собирҷони хурдсолро зер кардааст. "Ронанда дар назди хонаи истиқоматӣ дар кӯчаи М.Мастонгулов мусофиронро аз автомашина фароварда, ҳангоми ба ҳаракат даровардани автомашина, пиёдагарди хурдсол Дмитриев Собирҷон, соли таваллудаш 2020, сокини шаҳри Душанберо, ки дар қисми пеши автомашина меистод, пахш намудааст", - иттилоъ дод ВУД. Манбаъ афзуд, дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.Акс аз ҷои ҳодиса ҳанӯз 29 август ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта буд. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, фоҷиа замоне рух дод, ки ронандаи таксӣ модару кӯдакро ба манзилашон оварда, замоне, ки модар борро ба хона медаровард, кӯдак пеши мошин баромадаст ва ронанда низ ӯро надида, зер намудаст. Назари худи ронанда дар бораи нохушии маргбор дастрас нест.
https://sputnik.tj/20210813/vkd-dshahsiyati-qurboniyoni-sadama-vmkb-1041630256.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102852/66/1028526609_110:0:1811:1276_1920x0_80_0_0_42c47bcf379cbe04da3b0be62acf7053.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
садама, маргбор, ҳалокат, чарх, яксола
садама, маргбор, ҳалокат, чарх, яксола
"Ронандаи таксӣ модару кӯдакро пеши хона расонду хурдсолро зер кард": шарҳи ВКД - акс
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳолати зери чархи мусофирбар мондани кӯдаки яксоларо шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, нохушии маргбор 29-уми августи соли 2021, тахминан соати 10:10 рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи мошини "Хундай-Саната", Нозимов Хуррам, сокини 29-солаи шаҳри Душанбе дар кӯчаи Мастонгулови пойтахт Собирҷони хурдсолро зер кардааст.
"Ронанда дар назди хонаи истиқоматӣ дар кӯчаи М.Мастонгулов мусофиронро аз автомашина фароварда, ҳангоми ба ҳаракат даровардани автомашина, пиёдагарди хурдсол Дмитриев Собирҷон, соли таваллудаш 2020, сокини шаҳри Душанберо, ки дар қисми пеши автомашина меистод, пахш намудааст", - иттилоъ дод ВУД.
Манбаъ афзуд, дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Акс
аз ҷои ҳодиса ҳанӯз 29 август ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта буд. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, фоҷиа замоне рух дод, ки ронандаи таксӣ модару кӯдакро ба манзилашон оварда, замоне, ки модар борро ба хона медаровард, кӯдак пеши мошин баромадаст ва ронанда низ ӯро надида, зер намудаст. Назари худи ронанда дар бораи нохушии маргбор дастрас нест.