https://sputnik.tj/20210830/bonk-latviya-bozori-bonk-tojikiston-1041962485.html
Бонки латвиягӣ мехоҳад вориди бозори бонкии Тоҷикистон
Бонки латвиягӣ мехоҳад вориди бозори бонкии Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Бонки “Rietumu Bank”- яке аз бонкҳои бонуфузи тиҷоратии Латвия тасмим гирифтааст вориди бозори бонкии Тоҷикистон шавад
2021-08-30T13:10+0500
2021-08-30T13:10+0500
2021-08-30T16:57+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
бонк
латвия
ворид шудан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1e/1041962244_0:42:800:492_1920x0_80_0_0_cf4aa6892e75909cc33a82019b3723fc.jpg
ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, ахиран раиси Бонки миллӣ Ҳоким Холиқзода бо намояндагони Бонки “Rietumu Bank”-и Латвия Леонид Эстеркин — Раиси Шӯрои бонк ва Эммануил Гриншпун – ноиби Президенти бонк, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, дидору гуфтугӯ кард.Тибқ иттилои манбаъ, зимни мулоқот ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва “Rietumu Bank”-и Латвия баррасӣ гардид.Тибқи иттилои манбаъ, раиси Бонки миллӣ ва намояндагони бонки “Rietumu Bank” вазъи кунунии низоми бонкии мамлакат, дурнамои рушди соҳа дар давраи миёнамуҳлат ва дарозмуддат, ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ, густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути истифодаи технологияҳои муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон имконияти ба роҳ мондани ҳамкории бонки “Rietumu Bank” бо бонкҳои Тоҷикистон муҳокима шуд.Зимни мулоқот Ҳоким Холиқзода ба меҳмонон дар бораи низоми бонкии Тоҷикистон ва дигаргуниҳое, ки дар лоиҳаи Кодекси андози Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, маълумот дод.Раиси Бонки миллӣ дар ҷараёни гуфтугӯ қайд кардааст, ки Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба бахши бонкдории кишвар, фаъолияти озоду бемамониати сармоягузорони хориҷӣ шароити мусоид ва заминаи меъёрию ҳуқуқии мукаммал фароҳам оварда шудаст.Гуфта шудааст, ки намояндагони “Rietumu Bank” ҳавасмандии худро барои роҳандозии муносибатҳои судманди дуҷониба иброз намуданд.Бонки “Rietumu Bank”- яке аз бонкҳои бонуфузи тиҷоратии Латвия буда, аз рӯи ҳаҷми дороиҳо ба панҷгонаи калонтарин бонкҳои Латвия шомил мегардад.
https://sputnik.tj/20210527/bmt-mudironi-agroinvestbonk-tojiksodirotbonk-tain-1039775082.html
латвия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1e/1041962244_45:0:756:533_1920x0_80_0_0_3231bf54bbd9ac9e72703d772defa3f4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, латвия, бонк, сармоягузорӣ, вориди бозор, иқтисод
тоҷикистон, латвия, бонк, сармоягузорӣ, вориди бозор, иқтисод
Бонки латвиягӣ мехоҳад вориди бозори бонкии Тоҷикистон
13:10 30.08.2021 (Навсозишуда: 16:57 30.08.2021) Бонки “Rietumu Bank”- яке аз бонкҳои бонуфузи тиҷоратии Латвия тасмим гирифтааст вориди бозори бонкии Тоҷикистон шавад
ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, ахиран раиси Бонки миллӣ Ҳоким Холиқзода бо намояндагони Бонки “Rietumu Bank”-и Латвия Леонид Эстеркин — Раиси Шӯрои бонк ва Эммануил Гриншпун – ноиби Президенти бонк, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, дидору гуфтугӯ кард.
Тибқ иттилои манбаъ, зимни мулоқот ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва “Rietumu Bank”-и Латвия баррасӣ гардид.
Тибқи иттилои манбаъ, раиси Бонки миллӣ ва намояндагони бонки “Rietumu Bank” вазъи кунунии низоми бонкии мамлакат, дурнамои рушди соҳа дар давраи миёнамуҳлат ва дарозмуддат, ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ, густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути истифодаи технологияҳои муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон имконияти ба роҳ мондани ҳамкории бонки “Rietumu Bank” бо бонкҳои Тоҷикистон муҳокима шуд.
Зимни мулоқот Ҳоким Холиқзода ба меҳмонон дар бораи низоми бонкии Тоҷикистон ва дигаргуниҳое, ки дар лоиҳаи Кодекси андози Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, маълумот дод.
Раиси Бонки миллӣ дар ҷараёни гуфтугӯ қайд кардааст, ки Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба бахши бонкдории кишвар, фаъолияти озоду бемамониати сармоягузорони хориҷӣ шароити мусоид ва заминаи меъёрию ҳуқуқии мукаммал фароҳам оварда шудаст.
“Бонки “Rietumu Bank” метавонад дар ҷумҳурӣ бо имконияти бештару беҳтар ва ба манфиати ҳарду ҷониб ба бозори молиявӣ ворид гардида, дар рушди иқтисоди Тоҷикистон саҳм гузорад”, - қайд кардааст Ҳоким Холиқзода.
Гуфта шудааст, ки намояндагони “Rietumu Bank” ҳавасмандии худро барои роҳандозии муносибатҳои судманди дуҷониба иброз намуданд.
Бонки “Rietumu Bank”- яке аз бонкҳои бонуфузи тиҷоратии Латвия буда, аз рӯи ҳаҷми дороиҳо ба панҷгонаи калонтарин бонкҳои Латвия шомил мегардад.