https://sputnik.tj/20210830/boetimodtarin-asori-jahon-elon-shud-1041961153.html
Боэътимодтарин асъори ҷаҳон эълон шуд
Боэътимодтарин асъори ҷаҳон эълон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Иқтисоддони рус дар бораи боэътимодтарин аъори дунё гуфт
2021-08-30T12:40+0500
2021-08-30T12:40+0500
2021-08-30T12:40+0500
дар ҷаҳон
иқтисод
рубл
арзиши асъор
эътимод
доллар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/17/1031621469_0:0:3641:2048_1920x0_80_0_0_d5c749790111ae3ea1a20efe6bdffa42.jpg
ДУШАНБЕ, 30 авг - Sputnik. Яке аз асъорҳои устувор ва боэътимод дар ҷаҳон франки швейтсарӣ мебошад, иттилоъ додааст агентии иттилоотии Prime дар истинод ба Дмитрий Бабин, коршиноси ширкати BCS World of Investments.Тавре иқтисоддон қайд намудааст, устувории франк мустақиман ба иқтисодиёти Швейтсария вобаста аст, ки ба ихтисоси баланди меҳнат ва шароити муносиб барои пешбурди тиҷорат тавсиф мешавад.Коршиноси масоили иқтисод ёдрас шуд, ки дар соли 2020, бо ноором шудани бозорҳо ба сабаби пандемия, арзиши франки швейтсарӣ ба таври назаррас боло рафт.Ба гуфтаи Бабин, дар давраи бӯҳрони навбатӣ пули швейтсарӣ эътимоднокии худро бори дигар исбот хоҳад кард.Тибқи қурби расмии Бонки марказии Русия, 1 франки швейтсарӣ 80,74 рубл арзиш дорад.Қаблан иқтисоддонҳо фурӯпошии долларро бинобар ба сари қудрат омадани ҷунбиши радикалии Толибон ( мамнӯъ дар қаламрави Русия) пешгӯӣ карда буданд.Ноустувории иқтисодиёти ИМА бинобар афзоиши қарзи миллӣ ва воридшавии триллионҳо доллар ҳамеша сабаби пешгӯиҳои ташвишовар буд. Ҳоло тарс вуҷуд дорад, ки Толибон аз доллар даст кашидани ҷаҳонро суръат мебахшанд.
https://sputnik.tj/20210809/iqtisoddon-rubl-suqut-namekunad-1041508435.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/17/1031621469_417:0:3148:2048_1920x0_80_0_0_fefec8454bc2d4a86f4dde9d7730370d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, боэтимодтарин асъор, эълон, иқтисод, асъори хориҷӣ, рубл
дар ҷаҳон, боэтимодтарин асъор, эълон, иқтисод, асъори хориҷӣ, рубл
Боэътимодтарин асъори ҷаҳон эълон шуд
Иқтисоддони рус дар бораи боэътимодтарин аъори дунё гуфт
ДУШАНБЕ, 30 авг - Sputnik. Яке аз асъорҳои устувор ва боэътимод дар ҷаҳон франки швейтсарӣ мебошад, иттилоъ додааст агентии иттилоотии Prime дар истинод ба Дмитрий Бабин, коршиноси ширкати BCS World of Investments.
Тавре иқтисоддон қайд намудааст, устувории франк мустақиман ба иқтисодиёти Швейтсария вобаста аст, ки ба ихтисоси баланди меҳнат ва шароити муносиб барои пешбурди тиҷорат тавсиф мешавад.
"Ин кишвар бузургтарин коркардкунандаи тилло дар ҷаҳон, инчунин пойтахти бонкӣ ва молиявии Аврупо, ба ҳисоб меравад. Ин кишвар худро ба унвони як низоми боэътимоди молиявӣ ва иқтисодӣ дар ҷаҳон муаррифӣ кардааст", - гуфт коршинос.
Коршиноси масоили иқтисод ёдрас шуд, ки дар соли 2020, бо ноором шудани бозорҳо ба сабаби пандемия, арзиши франки швейтсарӣ ба таври назаррас боло рафт.
Ба гуфтаи Бабин, дар давраи бӯҳрони навбатӣ пули швейтсарӣ эътимоднокии худро бори дигар исбот хоҳад кард.
Тибқи қурби расмии Бонки марказии Русия, 1 франки швейтсарӣ 80,74 рубл арзиш дорад.
Қаблан иқтисоддонҳо фурӯпошии долларро бинобар ба сари қудрат омадани ҷунбиши радикалии Толибон ( мамнӯъ дар қаламрави Русия) пешгӯӣ карда буданд.
Ноустувории иқтисодиёти ИМА бинобар афзоиши қарзи миллӣ ва воридшавии триллионҳо доллар ҳамеша сабаби пешгӯиҳои ташвишовар буд. Ҳоло тарс вуҷуд дорад, ки Толибон аз доллар даст кашидани ҷаҳонро суръат мебахшанд.