https://sputnik.tj/20210827/uzbekiston-pomidor-vaksina-1041926604.html
Дар Ӯзбекистон аз помидор алайҳи COVID - 19 ваксина сохтанд
Дар Ӯзбекистон аз помидор алайҳи COVID - 19 ваксина сохтанд
Sputnik Тоҷикистон
Ниҳолҳои помидор, ки дар лаборатория парвариш карда мешаванд, дар давоми ду моҳ мева медиҳанд. Антиденоҳо истеҳсол мешаванд, агар чунин помидорро бе пухтан истеъмол кунанд.
2021-08-27T15:30+0500
2021-08-27T15:30+0500
2021-08-27T15:30+0500
тандурустӣ
ӯзбекистон
таҳия
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/03/1032753675_0:160:3077:1890_1920x0_80_0_0_a7f4dc973978a3e3342c775c299f10c8.jpg
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Кормандони Маркази геномика ва биоинформатикаи Академияи илмҳои Ӯзбекистон ваксинаи хӯрданиро бар зидди вируси корона таҳия кардаанд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо истинод ба барномаи шабакаи Sevimli.Олимон ин лоиҳаро сар аз январи соли равон таҳия доранд. Помидор ва бодиринг тасодуфӣ интихоб нашудаанд - чун онҳо бидуни ҷӯшонидан истеъмол карда мешаванд. Далел ин аст, ки дар ҳарорати баланд ҳуҷайраҳое, ки антитело истеҳсол мекунанд, нобуд мешаванд ва чунин ваксина бефоида мешавад.Ногуфта намонад, ки олимони тамоми дунё сари таҳияи ваксинаи хӯрданӣ кор мекунанд. Дар Русия ва Канада олимон барои таҳияи ваксин маҳсулоти ширӣ истифода мекунанд. Озмоишҳои клиникии чунин ваксинаҳо низ ба анҷом расидаанд. Қаблан, вазири рушди инноватсионии Ӯзбекистон Иброҳим Абдураҳмонов гуфта буд, ки Маркази байналмилалии аллергология дар Ӯзбекистон айни замон дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи Вена сари як лоиҳаи бузург кор карда истодааст. Ба гуфти вазир, эҳтимол аст ки агар говҳо бар зидди коронавирус ваксин гиранд, дар шири ҳайвонот иммуноглобин-А пайдо мешавад. Ҳангоми нӯшидани чунин шир ба таври хом, бе ҷӯшонидан, бадани инсон иммунитетро бар зидди вирус инкишоф медиҳад ва бо сирояти COVID-19 мубориза мебарад.
https://sputnik.tj/20210819/covid-virus-mumiyo-aks-1041749729.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/03/1032753675_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_329455520b6f4bc213d96a6514348ae1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ваксина, коронавирус, помидор, ӯзбекистон
ваксина, коронавирус, помидор, ӯзбекистон
Дар Ӯзбекистон аз помидор алайҳи COVID - 19 ваксина сохтанд
Ниҳолҳои помидор, ки дар озмоишгоҳ парвариш карда мешаванд, дар давоми ду моҳ мева медиҳанд. Бо истеъмоли чунин помидор дар бадани инсон антителаҳо пайдо мешаванд
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Кормандони Маркази геномика ва биоинформатикаи Академияи илмҳои Ӯзбекистон ваксинаи хӯрданиро бар зидди вируси корона таҳия кардаанд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо истинод ба барномаи шабакаи Sevimli.
"Мо коронавирусро тавассути клон кардан ба як ҳуҷайраи растаниҳо ворид кардем. Пас аз он ки бемор "помидори ваксинадор" - ро истеъмол мекунад, вай ба бадани инсон ворид мешавад ва антителоҳо аз ҳуҷайраҳои помидор хориҷ мешаванд", - мегӯяд яке аз мутахассисони марказ.
Олимон ин лоиҳаро сар аз январи соли равон таҳия доранд. Помидор ва бодиринг тасодуфӣ интихоб нашудаанд - чун онҳо бидуни ҷӯшонидан истеъмол карда мешаванд. Далел ин аст, ки дар ҳарорати баланд ҳуҷайраҳое, ки антитело истеҳсол мекунанд, нобуд мешаванд ва чунин ваксина бефоида мешавад.
Ногуфта намонад, ки олимони тамоми дунё сари таҳияи ваксинаи хӯрданӣ кор мекунанд. Дар Русия ва Канада олимон барои таҳияи ваксин маҳсулоти ширӣ истифода мекунанд. Озмоишҳои клиникии чунин ваксинаҳо низ ба анҷом расидаанд.
Қаблан, вазири рушди инноватсионии Ӯзбекистон Иброҳим Абдураҳмонов гуфта буд, ки Маркази байналмилалии аллергология дар Ӯзбекистон айни замон дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи Вена сари як лоиҳаи бузург кор карда истодааст.
Ба гуфти вазир, эҳтимол аст ки агар говҳо бар зидди коронавирус ваксин гиранд, дар шири ҳайвонот иммуноглобин-А пайдо мешавад. Ҳангоми нӯшидани чунин шир ба таври хом, бе ҷӯшонидан, бадани инсон иммунитетро бар зидди вирус инкишоф медиҳад ва бо сирояти COVID-19 мубориза мебарад.