Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

© Sputnik Вакцинация от коронавируса в Таджикистане
Вакцинация от коронавируса в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2021
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, тайи шабонарӯзи охир ягон ҳолати фавт аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Мақомоти тандурустии Тоҷикистон охирин омори марбут ба коронавирусро ба ҳолати зуҳри 29 август ироа намуд.
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, тайи шабонарӯзи охир 42 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд.
Теъдоди умумии гирифторшудагон ба коронавирус аз аввали хуруҷи ин беморӣ то 29 август ба 16 ҳазору 738 нафар баробар шудааст. Аз ин теъдоди сабтшуда 16 ҳазору 570 нафар муолиҷа шудаст.
Очереди на вакцинацию против коронавируса в Калининграде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
Истеҳсоли воксини нави зидди коронавирус дар Русия
Аз ҳолатҳои ҷадиди фавт аз COVID-19 хабаре дода нашудааст. Дар мавриди охирин ҳолати фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон 16 август иттилоъ дода шуда буд.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, марҳалаи афзоиши беморӣ ба поён расида, ҳолати сироятшавӣ рӯз ба рӯз кам мешавад. Ӯ афзуд, ки ояндаи наздик кишвар бар коронавирус пирӯз хоҳад шуд.
"Вазъият муътадил ва идорашаванда буда, пирӯзии мо алайҳи мавҷи дуюм наздик шудааст, вале дар ин самт бояд маъракаи ваксинакунонии аҳолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дода шавад", - изҳор дошт вазири тандурустӣ.
Лентаи хабарҳо
0