Истеҳсоли воксини нави зидди коронавирус дар Русия

© Sputnik / Михаил Голенков / Гузариш ба медиабонкОчереди на вакцинацию против коронавируса в Калининграде
Очереди на вакцинацию против коронавируса в Калининграде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Русия воксини нави зидди коронавирусро сабти ном кардааст
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Вазорати тандурустии Русия воксини навро барои пешгирии коронавирус ба қайд гирифтааст, бармеояд аз феҳрасти дорувориҳои сабтшуда дар кишвар.
"ЭпиВакКорона-Н" воксини панҷуми зидди COVID-19 мебошад, ки дар кишвар сабт шудааст. Ихтироъгарони ин дору олимони маркази "Вектор" мебошанд.
Таҳиягарони воксин мегӯянд, ин дору аз ҳамтоёни қаблияш бо "бархе махсусиятҳои технологияи истеҳсол" фарқ мекунад.
Медицинский сотрудник держит в руке ампулу с российским препаратом Гам-Ковид-Вак (Спутник V)  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Дар Аргентина шарҳ дорданд , ки "Спутник V" чигуна антителҳо ҳосил мекунад
Воксин дар заминаи антигенҳои пептидӣ барои пешгирии COVID-19 омода шудааст.
Таъкид шудааст, ки "ЭпиВакКорона-Н" барои афроди синни аз 18 то 60-сола тавсия дода мешавад. Барои занони ҳомила ин дору истифода нахоҳад шуд.
Феълан дар Русия воксингузаронии оммавӣ ҷаараён дорад. Дар муассисаҳои тиббии кишвар чор намуди воксин - "Спутник V", "ЭпиВакКорона", "КовиВак" ва "Спутник Лайт"дастрас мебошад.
Лентаи хабарҳо
0