Максим ба зӯр ҳаракат мекунад ва нафас мекашад

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкАкция в поддержку сборной России по футболу
Акция в поддержку сборной России по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2021
Обуна шудан
МакSим метавонад суҳбату мулоқот кунад, вале бароҳат нафас кашидан барояш ҳамоно мушкил аст, зеро як тарафи шуши ӯ комилан барқарор нашудааст
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Як тарафи шуши сарояндаи рус МакSим ҳамоно барқарор нашудааст ва ӯ базӯр ҳаракат мекунад ва нафас мекашад, аз ин рӯ суруд хондан ҳоло ғайриимкон аст, мегӯяд директори ӯ Маргарита Соколова.
Ба таъкиди ӯ, бо беҳ шудани вазъи саломатии сароянда, аксар қаллобон пайдо шуданд, ки барномаҳои бардурӯғи сарояндаро ташкил мекарданд.
Дар ҳамин ҳол, Соколова дар мусоҳиба бо "Комсомолская правда" гуфт, "MakSim ба таври муқаррарӣ муошират мекунад, сӯҳбат мекунад, аммо нафаскашӣ барои ӯ ҳанӯз мушкил аст, як шуш ҳанӯз пурра сиҳат нашудааст".
Певица MакSим (Марина Абросимова) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
МакSим ба худ омаду паём навишт - ӯ чӣ гуфт
Дар идома ӯ гуфт, ки табобати сароянда аз тариқи истеъмоли дору ва машқҳои нафас идома доранд.
Гуфта мешавад, ҳоло барои иштирок кардан дар ҳаргуна барномаҳо ба МакSим то 2 миллион рубл пешниҳод мекунанд, вале директораш ҳамаи таклифҳоро рад мекунад, чун саломатии сароянда пурра барқарор нагардидааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13 август МакSим аз бемористон мураххас шуд. Сароянда дар дармонгоҳ наздики ду моҳ ба сар бурд ва аксар муддат дар ҳолати беҳушӣ ва зери дастгоҳи ИВЛ қарор дошт.
Лентаи хабарҳо
0