https://sputnik.tj/20210810/maksim-ba-hud-omad-1041533024.html
МакSим ба худ омаду паём навишт - ӯ чӣ гуфт
МакSим ба худ омаду паём навишт - ӯ чӣ гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Сарояндаи машҳури Русия МакSим гуфт, ки якуним моҳи кома барояш чун ду рӯз сипарӣ шуд. Рӯзи душанбе овозхонро аз шӯъбаи эҳё ба палати оддӣ гузарониданд
2021-08-10T14:45+0500
2021-08-10T14:45+0500
2021-08-10T17:03+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
ҳунарманд
дар русия
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/06/1040669406_0:0:3070:1728_1920x0_80_0_0_0ddd283ad7c4518d8abfb4b58e1cfbd8.jpg
ДУШАНБЕ, 10 авг - Sputnik. Ҳунарманди рус MaкSим (Марина Абросимова) пас аз якуним моҳи кома ба худ омад ва паёмашро дар саҳифааш дар Instagram нашр кард.MaкSим иқрор шуд, ки якуним моҳи кома барояш чун ду рӯз гузашт. "Вақте табибон аз ман пурсиданд, ки чанд вақт ман дар кома будам, гуфтам: "Ду рӯз". Бовар надоштам, ки зиёда аз як моҳ гузаштааст", - гуфт ӯ. Овозхон гуфтааст, ки дар давраи барқароршавии шуш пас аз беморӣ ӯ наметавонад ҳунарнамоӣ кунад.Сароянда инчунин ба кормандони беморхона барои наҷот ва ба мухлисонаш барои дастгирӣ изҳори миннатдорӣ кард. Шарҳи вазъи саломатии овозхон МакSим: вазнини муътадилДалели дар беморхона бистарӣ шудани MaкSим бо илтиҳоби шуш 19 июн маълум шуд. Баъдтар, бинобар зарари шадиди шуш, вай ба комаи сунъӣ ва дастгоҳи сунъии нафасдиҳӣ пайваст карда шуд.Ташхисҳои сароянда барои коронавирус манфӣ буданд. Авохири моҳи июл хабар дода шуд, ки вазъи ӯ вахим аст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/06/1040669406_239:0:2968:2047_1920x0_80_0_0_3fb445b0b7eb4df8fd6220a33b4d3d43.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
табобат, максим, беморӣ, ба худ омадан
табобат, максим, беморӣ, ба худ омадан
МакSим ба худ омаду паём навишт - ӯ чӣ гуфт
14:45 10.08.2021 (Навсозишуда: 17:03 10.08.2021) Сарояндаи машҳури Русия МакSим гуфт, ки якуним моҳи кома барояш чун ду рӯз сипарӣ шуд. Рӯзи душанбе овозхонро аз шӯъбаи эҳё ба палатаи оддӣ гузарониданд
ДУШАНБЕ, 10 авг - Sputnik. Ҳунарманди рус MaкSим (Марина Абросимова) пас аз якуним моҳи кома ба худ омад ва паёмашро дар саҳифааш дар Instagram нашр кард.
"Ҳоло ман хеле заиф ҳастам, вақте кӯшиш мекунам роҳ гардам, сарам чарх мезанад. Аммо ман умедворам, ки ба қарибӣ метавонам ба хона биравам ва оилаи худро ба оғӯш гирам", - навиштааст ҳунарманд.
MaкSим иқрор шуд, ки якуним моҳи кома барояш чун ду рӯз гузашт.
"Вақте табибон аз ман пурсиданд, ки чанд вақт ман дар кома будам, гуфтам: "Ду рӯз". Бовар надоштам, ки зиёда аз як моҳ гузаштааст", - гуфт ӯ.
Овозхон гуфтааст, ки дар давраи барқароршавии шуш пас аз беморӣ ӯ наметавонад ҳунарнамоӣ кунад.
"Парвоз ва ҳунарнамоӣ кардан ба муҳлати муайян тибқи супориши духтур манъ аст. Шушҳо ҳоло барқарор мешаванд ва фишор овардан мумкин нест", - шарҳ дод ӯ.
Сароянда инчунин ба кормандони беморхона барои наҷот ва ба мухлисонаш барои дастгирӣ изҳори миннатдорӣ кард.
Далели дар беморхона бистарӣ шудани MaкSим бо илтиҳоби шуш 19 июн маълум шуд. Баъдтар, бинобар зарари шадиди шуш, вай ба комаи сунъӣ ва дастгоҳи сунъии нафасдиҳӣ пайваст карда шуд.
Ташхисҳои сароянда барои коронавирус манфӣ буданд. Авохири моҳи июл хабар дода шуд, ки вазъи ӯ вахим аст.