Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Толибон* назоратро аз даст медиҳанд? ДИИШ* Кобулро тарконду, ИМА аз паси интиқом - видео

Обуна шудан
Президенти ИМА Ҷо Байден ваъда дод, ки аз гунаҳкорон, ки дар ҳамлаи террористӣ низомиёни амрикоиро куштанд, интиқом мегирад
Теъдоди қурбониёни таркишҳо дар наздикии фурудгоҳи Кобул меафзояд.
Беш аз 6 таркиш рӯзи 26 август дар Кобул рух дод. Тибқи маълумоти охирин, теъдоди кушташудагон аз сад нафар ва шумораи захмиён аллакай аз 1300 нафар гузаштааст.
Дар миёни кушташудагон хориҷиён, аз ҷумла низомиёни амрикоӣ низ ҳастанд.
Ду инфиҷор ва даҳҳо куштаву захмӣ: аксҳои мудҳиш аз ҳаводиси ахири Кобул
Фурудгоҳи Кобул дар рӯзҳои охир ба як нуқтаи бениҳоят серодам табдил ёфтааст. Маҳз аз ҳамин ҷо сокинони маҳаллӣ ва хориҷиёне, ки мехостанд Афғонистонро тарк кунанд, интиқол дода мешаванд.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар ҳоли омодабош: 12 акс аз Панҷшер
Дар пушти ҳамлаҳои Кобул кӣ меистад? Интиқоме, ки Байден ба Афғонистон барои марги амрикоиҳо ваъда додааст, чӣ таъсире хоҳад дошт? Ҷабҳаи муқовимат ва мухолифони Толибон* дар аанҷшер чӣ омконот доранд?
Тафсилоти бештарро аз навор дарёфт кунед.
* - созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнуъ аст
Лентаи хабарҳо
0