https://sputnik.tj/20210828/tojikiston-safiri-faronsa-vazi-afghonistonro-barrasi-1041939423.html
Вазири хориҷаи Тоҷикистон бо сафири Фаронса вазъи Афғонистонро баррасӣ кард
Вазири хориҷаи Тоҷикистон бо сафири Фаронса вазъи Афғонистонро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар мулоқот бо сафири Фаронса дар Душанбе вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон на танҳо ҳамкориҳои дуҷониба, балки вазъияти амниятӣ дар Афғонистонро низ баррасӣ кард
2021-08-28T12:00+0500
2021-08-28T12:00+0500
2021-08-28T12:00+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
сафир
фаронса
мулоқот
эммануэл макрон
сироҷиддин муҳриддин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1c/1041939396_0:2:1201:677_1920x0_80_0_0_3efdeda2b6ea7900acdfa1722f4385dc.jpg
ДУШАНБЕ, 28 авг – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ахиран мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, взири умури хориҷа бо Мишел Тарран сафири Фаронса дар Тоҷикистон баргузор шуд.Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба, инчунин вазъи имрӯзаи амниятӣ дар Афғонистон ва таъсири он ба минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамтои фаронсавияш, Эммануэл Макрон вазъи Афғонистонро баррасӣ карда, дар мавриди давлатдории ояндаи он табодули афкор намуданд.Эмомалӣ Раҳомон дар суҳбати телефонӣ бо Эмануэл Макрон, нигаронӣ карда буд, ки Афғонистон имрӯз бо сабаби таҳдиди воқеии мавҷи нави муқовимати шаҳрвандӣ дар кишвар дар остонаи фалокати гуманитарӣ қарор дорад.Раҳмон зимни суҳбат таъкид карда буд, ки амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ бо вазъи Афғонистон алоқаманд аст.Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарин ҷонибдори таъсиси як давлати сулҳҷӯёна ва устувор бо нақши марказии ҳамоҳангсозии СММ мебошад."Таъмини амнияти кафолатдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ муҳимтарин шарти рушди минбаъдаи устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳоямон мебошад", - изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо Макрон.Раҳмон ва Макрон мувофиқа кардаанд, ки барои идомаи машваратҳо дар масъалаҳои Афғонистон, ба вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дастур медиҳанд, то дар ин масъалаҳо ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба дар тамоси доимӣ бошанд.Вазъ дар Афғонистон баъди ғасби қудрат аз сӯи Толибон* шиддат гирифта, нерӯҳои зиддитолиб дар Панҷшер, таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд ҷамъ омадаанд.
https://sputnik.tj/20210825/rahmon-makron-vazi-afghoniston-tojikiston-didgoh-1041889811.html
https://sputnik.tj/20210826/makron-rahmonro-ba-faronsa-davat-kard-1041895746.html
фаронса
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1c/1041939396_0:0:997:748_1920x0_80_0_0_7532b8206b1e70a3d32d698048e202d6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, фаронса, эмануэл макрон, эмомалӣ раҳмон, сироҷиддин муҳриддин, мулоқот, сафир
тоҷикистон, фаронса, эмануэл макрон, эмомалӣ раҳмон, сироҷиддин муҳриддин, мулоқот, сафир
Вазири хориҷаи Тоҷикистон бо сафири Фаронса вазъи Афғонистонро баррасӣ кард
Дар мулоқот бо сафири Фаронса дар Душанбе вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон на танҳо ҳамкориҳои дуҷониба, балки вазъияти амниятӣ дар Афғонистонро низ баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 28 авг – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ахиран мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, взири умури хориҷа бо Мишел Тарран сафири Фаронса дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба, инчунин вазъи имрӯзаи амниятӣ дар Афғонистон ва таъсири он ба минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамтои фаронсавияш, Эммануэл Макрон вазъи Афғонистонро баррасӣ карда, дар мавриди давлатдории ояндаи он табодули афкор намуданд.
Эмомалӣ Раҳомон дар суҳбати телефонӣ бо Эмануэл Макрон, нигаронӣ карда буд, ки Афғонистон имрӯз бо сабаби таҳдиди воқеии мавҷи нави муқовимати шаҳрвандӣ дар кишвар дар остонаи фалокати гуманитарӣ қарор дорад.
Раҳмон зимни суҳбат таъкид карда буд, ки амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ бо вазъи Афғонистон алоқаманд аст.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарин ҷонибдори таъсиси як давлати сулҳҷӯёна ва устувор бо нақши марказии ҳамоҳангсозии СММ мебошад.
"Таъмини амнияти кафолатдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ муҳимтарин шарти рушди минбаъдаи устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳоямон мебошад", - изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо Макрон.
Раҳмон ва Макрон мувофиқа кардаанд, ки барои идомаи машваратҳо дар масъалаҳои Афғонистон, ба вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дастур медиҳанд, то дар ин масъалаҳо ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба дар тамоси доимӣ бошанд.
Вазъ дар Афғонистон баъди ғасби қудрат аз сӯи Толибон* шиддат гирифта, нерӯҳои зиддитолиб дар Панҷшер, таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд ҷамъ омадаанд.