Раҳмону Макрон вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд: раисиҷумҳури Тоҷикистон дидгоҳашро гуфт

© пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Франции Эмманюэль Макрон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Франции Эмманюэль Макрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамтои фаронсавияш, Эмануэл Макрон вазъи Афғонистонро баррасӣ карда, дар мавриди давлатдории ояндаи он табодули афкор намуданд
ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати телефонӣ ба Эммануэл Макрон барои ташаббусаш ҷиҳати муҳокимаи муносиботи ду кишвару масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори сипос намуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳомн нигаронӣ кардааст, ки Афғонистон имрӯз бо сабаби таҳдиди воқеии мавҷи нави муқовимати шаҳрвандӣ дар кишвар дар остонаи фалокати гуманитарӣ қарор дорад.
Зикр гардид, ки амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ бо вазъи Афғонистон алоқаманд аст.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарин ҷонибдори таъсиси як давлати сулҳҷӯёна ва устувор бо нақши марказии ҳамоҳангсозии СММ мебошад.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и Министр иностранных дел Исламской Республики Пакистан Махдумом Шахом Махмудом Куреши - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Таъкиди Раҳмон ба ваъдахилофии Толибону* воридсозии тоҷикон ба Ҳукумат: шартҳои Тоҷикистон
"Таъмини амнияти кафолатдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ муҳимтарин шарти рушди минбаъдаи устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳоямон мебошад", - изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо Макрон.
Раҳмон ва Макрон мувофиқа кардаанд, ки барои идомаи машваратҳо дар масъалаҳои Афғонистон, ба вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дастур медиҳанд, то дар ин масъалаҳо ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба дар тамоси доимӣ бошанд.
Вазъ дар Афғонистон баъди ғасби қудрат аз сӯи Толибон* шиддат гирифта, нерӯҳои зиддитолиб дар Панҷшер, таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд ҷамъ омадаанд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0