Пойтахти Тоҷикистон мизбони фестивали байналмилалии сайёҳӣ мегардад

© Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе, архивное фото
Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2021
Обуна шудан
Шаҳри Душанбе санаи 29 август мизбони Фестивал ва Форуми байналмилалӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 28 авг – Sputnik. Бино бар иттилои Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон Фестивали байналмилалии “Душанбе — пойтахти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ” ва Форуми байналмилалии “Рушди агротуризм дар Тоҷикистон” санаи 29 август дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд
Қайд карда шудааст, ки Фестивали байналмилалӣ ва Форум оид ба рушди агротуризм дар доираи эълон гардидани шаҳри Душанбе- пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ(СҲИ) барои солҳои 2020-2021 гузаронида шуда, ҳадафаш муаррифии имконияти сайёҳии Тоҷикистон, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва рушди соҳа мебошад.
Туристы в городе Гиссар в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
Дар Тоҷикистон шумори ширкатҳои сайёҳӣ ба 230 адад расид
қайд карда шудааст, ки дар ҳошияи баргузории Фестивали байналмилалии “Душанбе –пойтахти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ” ва Форуми байналмилалии “Рушди агротуризм дар Тоҷикистон” шоми 29 август дар “Боғи Ирам” имконияту зарфият ва дастовардҳои сайёҳии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда, барномаи фарҳангӣ пешкаши меҳмонон ва иштирокдорон гардонида мешавад.
Дар доираи баргузории Фестивали ва Форуми байналмилалии меҳмонон ва иштирокдорон ба шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода рафта, аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ангурпарварии шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ҳамчун яке аз зарфиятҳои рушди агротуризм бозид менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0