https://sputnik.tj/20210828/marg-nest-siroyat--kam-omori-vazorat-covid-19-tojikiston-1041939232.html
Марг несту сироят ҳам кам шуд: омори нави вазорат вобаста ба вазъи COVID-19 дар Тоҷикистон
Марг несту сироят ҳам кам шуд: омори нави вазорат вобаста ба вазъи COVID-19 дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон тибқи омори расмӣ давоми 24 соати гузашта боз 43 ҳолати сироятёбӣ ба вируси корона ба қайд гирифта шудааст. Вазорат иддао дорад, ки дар ин шабурӯзи гузашта касе аз коронавирус ҷон набохтааст
2021-08-28T11:30+0500
2021-08-28T11:30+0500
2021-08-28T11:30+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
дар тоҷикистон
тандурустӣ
вазорати тандурустӣ
вируси нав
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103122/40/1031224033_0:28:2900:1659_1920x0_80_0_0_74670c47dedf7cd87246fad40273a108.jpg
ДУШАНБЕ, 28 авг - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирусро, ки дар 24 соати гузашта сабт шуд, нашр кард.Бино бар иттилои вазорат, тайи шабонарӯзи охир, 43 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст. Дар қиёс рӯзи гузашта 45 маврид ба қайд гирифта шуда буд.Ҳамзамон новобаста аз он ки дар фазои интернет дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз марг бар асари коронавирус хабар медиҳанд, вазорати тандурустӣ хабар додааст, ки дар давоми шабонарӯзи ахир, касе аз ин беморӣ ҷон набохтааст. Ҳамин тавр теъдоди умумӣ ҷонбохтагон ба 124 нафар боқӣ монд.Тибқи иттилои ин ниҳоди давлатӣ, дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 16696 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16531 (99,0%) нафар шифо ёфтаанд.Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
https://sputnik.tj/20210827/istehsol-voksini-koronavirus-rusiya-1041923723.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103122/40/1031224033_171:0:2900:2047_1920x0_80_0_0_9a2d0b88eab8e348c6943493ebebc8ec.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, коронавирус, тандурустӣ, омор, вазорати тандурустӣ, сироятёбӣ, марг
тоҷикистон, коронавирус, тандурустӣ, омор, вазорати тандурустӣ, сироятёбӣ, марг
Марг несту сироят ҳам кам шуд: омори нави вазорат вобаста ба вазъи COVID-19 дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон тибқи омори расмӣ давоми 24 соати гузашта боз 43 ҳолати сироятёбӣ ба вируси корона ба қайд гирифта шудааст. Вазорат иддао дорад, ки дар ин шабурӯзи гузашта касе аз коронавирус ҷон набохтааст
ДУШАНБЕ, 28 авг - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирусро, ки дар 24 соати гузашта сабт шуд, нашр кард.
Бино бар иттилои вазорат, тайи шабонарӯзи охир, 43 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст. Дар қиёс рӯзи гузашта 45 маврид ба қайд гирифта шуда буд.
"Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 43 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 51 нафар шифо ёфтанд", - омадааст дар иттилоия.
Ҳамзамон новобаста аз он ки дар фазои интернет дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз марг бар асари коронавирус хабар медиҳанд, вазорати тандурустӣ хабар додааст, ки дар давоми шабонарӯзи ахир, касе аз ин беморӣ ҷон набохтааст. Ҳамин тавр теъдоди умумӣ ҷонбохтагон ба 124 нафар боқӣ монд.
Тибқи иттилои ин ниҳоди давлатӣ, дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 16696 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16531 (99,0%) нафар шифо ёфтаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.