https://sputnik.tj/20210827/zavqizoda-tojikiston-shsh-dodugirift-1041934249.html
Завқизода гуфт, Тоҷикистон бо кишварҳои СҲШ чӣ қадар додугирифт дорад
Завқизода гуфт, Тоҷикистон бо кишварҳои СҲШ чӣ қадар додугирифт дорад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон эълон доштааст, ки савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои СҲШ 61 дарсадро ташкил додаааст
2021-08-27T19:00+0500
2021-08-27T19:00+0500
2021-08-27T19:00+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
сҳш
додугирифт
тиҷорат
савдо
савдои хориҷӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826110_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_c0d4c83e6d1aca3daf95a7742c1344ef.jpg
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ахиран эълон доштааст, ки ҳиссаи савдои хориҷии Тоҷикистон бо давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай 61 фоизро ташкил дода, шарикони асосии тиҷоратӣ бо Русия, Чин, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба ҳисоб мераванд.Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ин нуктаро дар Форуми иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай оид ба тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия, ки дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, баён кардааст.Вай таъкид доштааст, ки имрӯзҳо минтақаи СҲШ ба як маркази ҷалби тиҷорати ҷаҳонӣ ва ҷараёни молиявӣ табдил ёфтаааст ва СҲШ як бозори азими истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагони молу хидматҳо мебошад, ки барои васеъшавии савдои мутақобила имконияти васеъ фароҳам меорад.Гуфта шудааст, ки Завқизода таҳияи Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани ҳиссаи иқтисоди рақамӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки паркҳои текникӣ ва технологияҳои рақамӣ бо кумаки иттиҳодияи байнибонкии СҲШ, аз ҷумла дар минтаҳаҳои озоди иқтисодӣ, омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи технологияи иттилоотӣ, рушди инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва содагардонии расмиёти савдоро дар фазои СҲШ тавсия дод.“Тиҷорати электронӣ тақрибан сҳш20 фоизи савдои ҷаҳониро ташкил дода, тибқи арзёбии коршиносони соҳа, то соли 2025 то 25 фоиз афзоиш меёбад”, - гуфт Завқизода.Завқизода ҳамзамон илова кард, ки дар оянда миёни давлатҳои СҲШ як иттиҳоди мукаммали технологӣ ва истеҳсолӣ таъсис хоҳад ёфт.
https://sputnik.tj/20210812/dushanbe-kishvarhoi-uzvi-shsh-energetikiro-1041615778.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826110_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_0a427aecfab3ce76d6bcfd98d4089252.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, иқтисод, сҳш, савдо, додугирифт, савдои хориҷӣ
тоҷикистон, иқтисод, сҳш, савдо, додугирифт, савдои хориҷӣ
Завқизода гуфт, Тоҷикистон бо кишварҳои СҲШ чӣ қадар додугирифт дорад
Вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон эълон доштааст, ки савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои СҲШ 61 дарсадро ташкил додаааст
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ахиран эълон доштааст, ки ҳиссаи савдои хориҷии Тоҷикистон бо давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай 61 фоизро ташкил дода, шарикони асосии тиҷоратӣ бо Русия, Чин, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба ҳисоб мераванд.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ин нуктаро дар Форуми иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай оид ба тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия, ки дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, баён кардааст.
Вай таъкид доштааст, ки имрӯзҳо минтақаи СҲШ ба як маркази ҷалби тиҷорати ҷаҳонӣ ва ҷараёни молиявӣ табдил ёфтаааст ва СҲШ як бозори азими истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагони молу хидматҳо мебошад, ки барои васеъшавии савдои мутақобила имконияти васеъ фароҳам меорад.
Гуфта шудааст, ки Завқизода таҳияи Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани ҳиссаи иқтисоди рақамӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки паркҳои текникӣ ва технологияҳои рақамӣ бо кумаки иттиҳодияи байнибонкии СҲШ, аз ҷумла дар минтаҳаҳои озоди иқтисодӣ, омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи технологияи иттилоотӣ, рушди инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва содагардонии расмиёти савдоро дар фазои СҲШ тавсия дод.
“Тиҷорати электронӣ тақрибан сҳш20 фоизи савдои ҷаҳониро ташкил дода, тибқи арзёбии коршиносони соҳа, то соли 2025 то 25 фоиз афзоиш меёбад”, - гуфт Завқизода.
Завқизода ҳамзамон илова кард, ки дар оянда миёни давлатҳои СҲШ як иттиҳоди мукаммали технологӣ ва истеҳсолӣ таъсис хоҳад ёфт.