https://sputnik.tj/20210812/dushanbe-kishvarhoi-uzvi-shsh-energetikiro-1041615778.html
Дар Душанбе кишварҳои узви СҲШ масъалаи энергетикиро баррасӣ карданд
Дар Душанбе кишварҳои узви СҲШ масъалаи энергетикиро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе ба таври маҷози нахустин вохӯрии вазирони энергетикаи кишварҳои узви СҲШ баргузор гардид
2021-08-12T17:55+0500
2021-08-12T17:55+0500
2021-08-12T17:55+0500
дар тоҷикистон
энергетика
сҳш
вазорати энергетика ва захираҳои об
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/01/1032738955_0:36:1075:641_1920x0_80_0_0_1761945f2d2df7a6808b800a0c0369bf.jpg
ДУШАНБЕ, 12 авг – Sputnik. Дар шаҳри Душанбе нахустин вохӯрии вазирони энергетикаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шакли маҷози баргузор шуд, дафтари матбуоти вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.Манбаъ хабар додааст, ки Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон зимни мулоқот қайд кардааст, ки сарфи назар аз пандемияи коронавирус, кишварҳои СҲШ ҳамкориро дар бахши энергетика идома медиҳанд.Ҳамзамон дар ҷаласаи мазкур вазъ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар бахши энергетикии кишварҳои узви СҲШ, лоиҳаи Консепсияи ҳамкории кишварҳои узви СҲШ дар бахши энергетика, таъсиси Гурӯҳи кории кишварҳои узви СҲШ оид ба энергетика баррасӣ шуд.Гуфта шудааст, ки ҳамгироии сарчашмаҳои гуногуни энергия ва таъмини кори мувозии системаҳои энергетикӣ, табодули дониш дар соҳаи электроэнергетика, такмили заминаи истеҳсолии комплекси сӯзишворию энергетикӣ, таъсиси иқтидорҳои нави энергетикӣ бо назардошти тавозуни энергетикии кишварҳои узви СҲШ, ҳамкорӣ дар шароити буҳрони сӯзишворӣ — энергетикӣ, таҳияи равишҳои нав дар соҳаи самаранокии энергия ва сарфаи энергия бо назардошти таҷрибаи кишварҳои гуногун ба сифати самтҳои асосии ҳамкорӣ номида шуданд.Бояд қайд кард, ки дар ин ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои кишварҳои узви СҲШ, ки барои ҳамкорӣ дар бахши энергетика масъуланд ва Котиботи СҲШ иштирок доштанд.
https://sputnik.tj/20210810/jalasai-vaziron-kishovarzii-shsh-dushanbe-1041523047.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/01/1032738955_0:0:1027:770_1920x0_80_0_0_795164a68288a742274558734966eab6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душандбе, энергетика, сҳш, масоили энергетики
тоҷикистон, душандбе, энергетика, сҳш, масоили энергетики
Дар Душанбе кишварҳои узви СҲШ масъалаи энергетикиро баррасӣ карданд
Дар шаҳри Душанбе ба таври маҷози нахустин вохӯрии вазирони энергетикаи кишварҳои узви СҲШ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 12 авг – Sputnik. Дар шаҳри Душанбе нахустин вохӯрии вазирони энергетикаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шакли маҷози баргузор шуд, дафтари матбуоти вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.
Манбаъ хабар додааст, ки Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон зимни мулоқот қайд кардааст, ки сарфи назар аз пандемияи коронавирус, кишварҳои СҲШ ҳамкориро дар бахши энергетика идома медиҳанд.
“Фазои СҲШ — маҷрои бузурги энергетикӣ мебошад, ки дар доираи он миқдори зиёди неруи барқ истеҳсол, истеъмол ва интиқол дода мешавад. Ин иқтидор бояд барои пурра қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти пайваста афзояндаи кишварҳои узви СҲШ истифода шавад”,- гуфта шудааст дар ин ҷаласа.
Ҳамзамон дар ҷаласаи мазкур вазъ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар бахши энергетикии кишварҳои узви СҲШ, лоиҳаи Консепсияи ҳамкории кишварҳои узви СҲШ дар бахши энергетика, таъсиси Гурӯҳи кории кишварҳои узви СҲШ оид ба энергетика баррасӣ шуд.
Гуфта шудааст, ки ҳамгироии сарчашмаҳои гуногуни энергия ва таъмини кори мувозии системаҳои энергетикӣ, табодули дониш дар соҳаи электроэнергетика, такмили заминаи истеҳсолии комплекси сӯзишворию энергетикӣ, таъсиси иқтидорҳои нави энергетикӣ бо назардошти тавозуни энергетикии кишварҳои узви СҲШ, ҳамкорӣ дар шароити буҳрони сӯзишворӣ — энергетикӣ, таҳияи равишҳои нав дар соҳаи самаранокии энергия ва сарфаи энергия бо назардошти таҷрибаи кишварҳои гуногун ба сифати самтҳои асосии ҳамкорӣ номида шуданд.
Бояд қайд кард, ки дар ин ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои кишварҳои узви СҲШ, ки барои ҳамкорӣ дар бахши энергетика масъуланд ва Котиботи СҲШ иштирок доштанд.