Тағйироту бозсозии шаҳри Турсунзода дар 5 дақиқа – видео

Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ахиран бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода рафта буд ва чандин иншоти муҳимро бахшида ба 30 – солагии истиқлолияти давлатии кишвар ифтитоҳ кард
Ахиран дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар саҳифаи расмии Фейсбукиаш навореро нашр кардаст, ки шаҳри Турсунзода дар ин солҳои ахир ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст.
Дар ин шаҳрак ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ иншоотҳои зиёде сохта шуд.
Тибқи иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳри Турсунзода , ин шаҳра таърихи бештар аз 2500-сола дорад. Дар водии Ҳисор бештар аз 160 мавзеъҳои таърихию археологиро олимон таҳқиқ намудаанд, ки қисми зиёди онҳо дар ҳудуди шаҳри имрӯзаи Турсунзода ҷойгир аст.
Эмомали Рахмон на открытии нового предприятия по производству алюминиевых профилей в Турсунзаде  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Раҳмон дар шаҳри Турсунзода корхонаи нави “Алюмин Проф”-ро ифтитоҳ кард
Шаҳри Турсунзода дорои як маркази маъмурӣ ва 9 деҳот мебошад: деҳоти Қарато, деҳоти Работ, деҳоти Навобод, деҳоти Пахтаобод, деҳоти Регар, деҳоти 10 солагии Истиқлолият, деҳоти Т.Тӯйчиев, деҳоти Ҷӯра Раҳмонов ва деҳоти Сешанбе.
Дар шаҳри Турсунзода 29 корхонаи саноатӣ, 148 муассиса ва ташкилотҳои буҷавӣ, 304 адад ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва ҷамъиятҳои дорои масъулияти гуногун, 16 филиали бонкҳо, 1937 хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ, 10 хоҷагиҳои деҳқонии коллективӣ фаъолият менамоянд.
КВД “Ширкати Алюминии Тоҷик” яке аз корхонаҳои азими ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, аз моҳи марти соли 1975 фаъолият менамояд.
Лентаи хабарҳо
0