https://sputnik.tj/20210826/rahmon-tursunzoda-korhonai-nav-alumin-prof-iftitoh-1041892726.html
Раҳмон дар шаҳри Турсунзода корхонаи нави “Алюмин Проф”-ро ифтитоҳ кард
Раҳмон дар шаҳри Турсунзода корхонаи нави “Алюмин Проф”-ро ифтитоҳ кард
Sputnik Тоҷикистон
Субҳи имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон барои ифтитоҳи якчанд иншооти ҷашнӣ ва боздид аз вазъи соҳаи кишоварзӣ ба шаҳри Турсунзода сафар кард
2021-08-26T10:35+0500
2021-08-26T10:35+0500
2021-08-26T10:35+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
турсунзода
ширкат
ифтитоҳ
коргоҳ
алюминий
раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041892023_0:0:1044:588_1920x0_80_0_0_21961ed31d266482c946f742f0edd302.png
ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар нахуст дар шаҳр марҳилаи аввали корхонаи истеҳсоли профили алюминийи ширкати “Алюмин Проф”-ро ба истифода дода, барои бунёди марҳилаи дуюми он санги асос гузошт.корхонаи азими “Алюмин Проф” имконият дорад дар як сол 7200 тонна алюминийро коркард намуда, аз он қариб 100 навъи маҳсулоти ниҳоии саноатӣ истеҳсол намояд.Ҳамзамоон қайд карда шудааст, маҳсулоти ниҳоии корхона ҳамчунин хориҷ аз кишвар содирот хоҳад шуд.Таъкид шудааст, ки дар доираи 30 — солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода сохтмони 10 корхонаи саноатӣ дар назар дошта шудааст.Қайд карда шудааст, ки дар ҳамин ҷо Президенти Тоҷикистон ба корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли профили алюминийи “Алюмин Проф” расман оғоз бахшид.Қайд шудааст, ки марҳилаи дуюми иншооти мазкур дар зарфи ду соли оянда бунёд мегардад.Бо ба истифода додани марҳилаи дуюм, дар маҷмӯъ коркарди солонаи алюминий дар корхона ба 15 ҳазор тонна баробар мегардад. Дар марҳилаи баъдӣ инчунин истеҳсоли номгӯйи нави маҳсулоти саноатӣ, ки аз алюминий омода мешавад, роҳандозӣ шуда, дар он низ хаттҳои истеҳсолии муосиру ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ васлу насб мегардад.
https://sputnik.tj/20210825/rutba-zodruz-generali-vazorati-tojikiston-aks-1041888928.html
турсунзода
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041892023_121:0:1044:692_1920x0_80_0_0_457781422b060c39146efb27d663aaa9.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомоалӣ раҳмон, корхона, алюминий, турсунзода
тоҷикистон, эмомоалӣ раҳмон, корхона, алюминий, турсунзода
Раҳмон дар шаҳри Турсунзода корхонаи нави “Алюмин Проф”-ро ифтитоҳ кард
Субҳи имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон барои ифтитоҳи якчанд иншооти ҷашнӣ ва боздид аз вазъи соҳаи кишоварзӣ ба шаҳри Турсунзода сафар кард
ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар нахуст дар шаҳр марҳилаи аввали корхонаи истеҳсоли профили алюминийи ширкати “Алюмин Проф”-ро ба истифода дода, барои бунёди марҳилаи дуюми он санги асос гузошт.
корхонаи азими “Алюмин Проф” имконият дорад дар як сол 7200 тонна алюминийро коркард намуда, аз он қариб 100 навъи маҳсулоти ниҳоии саноатӣ истеҳсол намояд.
Ҳамзамоон қайд карда шудааст, маҳсулоти ниҳоии корхона ҳамчунин хориҷ аз кишвар содирот хоҳад шуд.
“Дар марҳилаи аввал ҳадаф аст он ба бозорҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба фурӯш бароварда шавад”, - таъкид доштааст манбаъ.
Таъкид шудааст, ки дар доираи 30 — солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода сохтмони 10 корхонаи саноатӣ дар назар дошта шудааст.
Қайд карда шудааст, ки дар ҳамин ҷо Президенти Тоҷикистон ба корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли профили алюминийи “Алюмин Проф” расман оғоз бахшид.
Қайд шудааст, ки марҳилаи дуюми иншооти мазкур дар зарфи ду соли оянда бунёд мегардад.
Бо ба истифода додани марҳилаи дуюм, дар маҷмӯъ коркарди солонаи алюминий дар корхона ба 15 ҳазор тонна баробар мегардад. Дар марҳилаи баъдӣ инчунин истеҳсоли номгӯйи нави маҳсулоти саноатӣ, ки аз алюминий омода мешавад, роҳандозӣ шуда, дар он низ хаттҳои истеҳсолии муосиру ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ васлу насб мегардад.