https://sputnik.tj/20210820/panj-odat-umri-inson-kutoh-1041761315.html
Панҷ одате, ки умри инсонро кӯтоҳ мекунад
Панҷ одате, ки умри инсонро кӯтоҳ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Яке аз одатҳои бади одами замонавӣ ин хоб кардан дар назди телефон аст, ки инсонро ба бехобу беҳол мекунад
2021-08-20T12:28+0500
2021-08-20T12:28+0500
2021-08-20T12:40+0500
дар ҷаҳон
иҷтимоъ
тандурустӣ
саломатӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/05/1032768145_0:165:1920:1245_1920x0_80_0_0_d437ff2c72e3d18884261bce0986250d.jpg
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Пизишки амрикоӣ Кэти Белфи панҷ одати бади ҳаррӯзаи инсонро ном бурд, ки ба саломатӣ ва давомнокии умри инсон таъсири манфӣ дорад, менависад "Московский комсомолец".ИнтернетДастрасии ҳамешагӣ ба ҷустуҷӯи онлайнӣ инсонро қариб пурра аз фикр кардан боздошт, қайд мекунад Белфи. Муайян шуда, ки чунин одат инсонро танбал мекунад ва фикрронии аналитикиро дар ӯ коҳиш медиҳад.Ба гуфти коршинос, ин қобилияти кунҷковии табиии инсонро суст мекунад ва пеши роҳи раванди фикрронии мустақилонаро мегирад. Ин сабаби он мешавад, ки инсон дигар цобилияти мустақилова ва сари вақт қабул кардани қарорро аз даст медиҳад.Сари вақт истеъмол накардани ғизоПизишки ғизошинос Кейт-Томас Айуб маслиҳат медиҳад, ки бояд наҳорӣ кард ва шомгоҳон онқадар зиёд нахӯрд, чун меъда шаб ба ҷои истироҳат кардан бояд ғизои истеъмолкардаи шуморо ҳазм кунад ва босуръат кор кунад.Ин сифати хобро паст мекунад ва ҳангоми бедор шудан, инсон худро хаста эҳсос мекунад. Сарфи назар кардани саҳархӯрӣ ва истеъмоли хӯроки серғизо пеш аз хоб, ба фарбеҳшавӣ ва баланд шудани сатҳи қанд дар хун боис мешавад.Истеъмоли ками мева ва сабзавотИстеъмоли мева ва сабзавот ҳар рӯз ба миқдори муайян бисёр зарур аст. Онҳо аз витамин ва минералҳо бой ҳастанд. Истеъмоли ками мева ва сабзавот метавонад ба саломатии инсон таъсири манфӣ расонад.Норасоии онҳо метавонад инсонро ба маризиҳои гуногун аз қабили бемориҳои қалб, инсулт, саратони рӯдаи ғавс гирифтор кунад.Тамошои телевизионРавоншиносон мегӯянд, аксари мардум аз бекорӣ ба тамошои ахбороти бад мепардозанд ва ба таъсири манфии он нигоҳ накрада, наметавонанд чунин одаташонро бас кунанд. Таҳлилгарон тамошои ахборои бадро боиси дипрессия ва нороҳатӣ ҳамчунин саломатии бади равонӣ медонанд, таъкид мекунад Белфи.Хоб кардан дар назди телефонИн яке аз одатҳои бадтарин ва хатарноктарин аст. Коршиносн мегӯянд, телефон аз худ ранги кабуд хориҷ мекунад, ки саломатии инсонро барҳам мезанад. Чунин одат инсонро ба бехобӣ ва беҳолӣ гирифтор мекунад. Пизишкон маслиҳат медиҳанд, ки барои ҳифзи саломатии худ бояд ним соат пеш аз хоб аз истифодаи телефон даст кашид.
https://sputnik.tj/20210201/5-gizo-insonro-javon-nigoh-medorand-1032739681.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/05/1032768145_7:0:1920:1435_1920x0_80_0_0_9c3291175d33af018d4b4caef7b72812.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
умри инсон, кӯтоҳ, пизишк, ҷомеа
умри инсон, кӯтоҳ, пизишк, ҷомеа
Панҷ одате, ки умри инсонро кӯтоҳ мекунад
12:28 20.08.2021 (Навсозишуда: 12:40 20.08.2021) Яке аз одатҳои бади одами замонавӣ ин хоб кардан дар назди телефон аст, ки инсонро бехобу беҳол мекунад
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Пизишки амрикоӣ Кэти Белфи панҷ одати бади ҳаррӯзаи инсонро ном бурд, ки ба саломатӣ ва давомнокии умри инсон таъсири манфӣ дорад, менависад "
Московский комсомолец".
Дастрасии ҳамешагӣ ба ҷустуҷӯи онлайнӣ инсонро қариб пурра аз фикр кардан боздошт, қайд мекунад Белфи. Муайян шуда, ки чунин одат инсонро танбал мекунад ва фикрронии аналитикиро дар ӯ коҳиш медиҳад.
Ба гуфти коршинос, ин қобилияти кунҷковии табиии инсонро суст мекунад ва пеши роҳи раванди фикрронии мустақилонаро мегирад. Ин сабаби он мешавад, ки инсон дигар цобилияти мустақилова ва сари вақт қабул кардани қарорро аз даст медиҳад.
Сари вақт истеъмол накардани ғизо
Пизишки ғизошинос Кейт-Томас Айуб маслиҳат медиҳад, ки бояд наҳорӣ кард ва шомгоҳон онқадар зиёд нахӯрд, чун меъда шаб ба ҷои истироҳат кардан бояд ғизои истеъмолкардаи шуморо ҳазм кунад ва босуръат кор кунад.
Ин сифати хобро паст мекунад ва ҳангоми бедор шудан, инсон худро хаста эҳсос мекунад. Сарфи назар кардани саҳархӯрӣ ва истеъмоли хӯроки серғизо пеш аз хоб, ба фарбеҳшавӣ ва баланд шудани сатҳи қанд дар хун боис мешавад.
Истеъмоли ками мева ва сабзавот
Истеъмоли мева ва сабзавот ҳар рӯз ба миқдори муайян бисёр зарур аст. Онҳо аз витамин ва минералҳо бой ҳастанд. Истеъмоли ками мева ва сабзавот метавонад ба саломатии инсон таъсири манфӣ расонад.
Норасоии онҳо метавонад инсонро ба маризиҳои гуногун аз қабили бемориҳои қалб, инсулт, саратони рӯдаи ғавс гирифтор кунад.
Равоншиносон мегӯянд, аксари мардум аз бекорӣ ба тамошои ахбороти бад мепардозанд ва ба таъсири манфии он нигоҳ накрада, наметавонанд чунин одаташонро бас кунанд. Таҳлилгарон тамошои ахборои бадро боиси дипрессия ва нороҳатӣ ҳамчунин саломатии бади равонӣ медонанд, таъкид мекунад Белфи.
Хоб кардан дар назди телефон
Ин яке аз одатҳои бадтарин ва хатарноктарин аст. Коршиносн мегӯянд, телефон аз худ ранги кабуд хориҷ мекунад, ки саломатии инсонро барҳам мезанад.
Чунин одат инсонро ба бехобӣ ва беҳолӣ гирифтор мекунад. Пизишкон маслиҳат медиҳанд, ки барои ҳифзи саломатии худ бояд ним соат пеш аз хоб аз истифодаи телефон даст кашид.