https://sputnik.tj/20210827/jopon-vmkb-se-tarh-amali-1041928942.html
Ҷопон дар ВМКБ се тарҳи иҷтимоӣ амалӣ кард
Ҷопон дар ВМКБ се тарҳи иҷтимоӣ амалӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Лоиҳаҳои башардӯстона аз ҷониби мақомоти Ҷопон ройгон амалӣ карда мешаванд
2021-08-27T16:50+0500
2021-08-27T16:50+0500
2021-08-27T16:50+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
тандурустӣ
ҷопон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102049/87/1020498709_0:113:2155:1325_1920x0_80_0_0_aa27dc72a5654aa5c37d1329734a50ab.jpg
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Ҳукумати Ҷопон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон се лоиҳаи иҷтимоиро амалӣ кардааст. Ҳамин тавр, як рӯз пеш сокинони ҷамоати Абдулвосиеви ноҳияи Рӯшон бо оби ошомиданӣ таъмин шудаанд. Барои кашидани 8 км лӯлаи оби нӯшокӣ 89,3 ҳазор доллар маблағҳои грантӣ ҷудо карда шуданд. Лоиҳаи дигар дар деҳаи Баҷуи ҷамоати Пастхуф ба анҷом расид. Дар ин ҷо як маркази нави тиббӣ бо маблағи 45 ҳазор доллар сохта шуд. Маркази тиббии куҳна дар натиҷаи заминларзаи соли 2015 хароб шудааст. Тарҳи сеюм дар деҳаи Кулумбаи Болои ҷамоати деҳоти Сагирдашти ноҳияи Дарвоз амалӣ карда шуд. Дар ин ҷо сохтмони маркази тиббӣ ва анбор ба маблағи 44,8 ҳазор доллар ба анҷом расидааст. Қайд карда мешавад, ки ҳамаи лоиҳаҳо аз ҷониби Ҷопон ҳамчун кумаки башардӯстона ройгон амалӣ карда мешаванд. Пештар хабар дода шуд, ки мақомоти Ҷопон барои иҷрои се тарҳи тиббӣ дар Тоҷикистон тақрибан 280 ҳазор доллари дигар ҷудо хоҳанд кард.
https://sputnik.tj/20210416/azim-ibrohim-mablaghhoi-grantii-jopon-masaraf-1038512431.html
ҷопон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102049/87/1020498709_119:0:2036:1438_1920x0_80_0_0_377c05c8ae07550853c3860f88ef4f2e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тарҳи иҷтимоӣ, оби ошомиданӣ, ҷопон
тарҳи иҷтимоӣ, оби ошомиданӣ, ҷопон
Ҷопон дар ВМКБ се тарҳи иҷтимоӣ амалӣ кард
Лоиҳаҳои башардӯстона аз ҷониби мақомоти Ҷопон ройгон амалӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Ҳукумати Ҷопон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон се лоиҳаи иҷтимоиро амалӣ кардааст.
Ҳамин тавр, як рӯз пеш сокинони ҷамоати Абдулвосиеви ноҳияи Рӯшон бо оби ошомиданӣ таъмин шудаанд.
Барои кашидани 8 км лӯлаи оби нӯшокӣ 89,3 ҳазор доллар маблағҳои грантӣ ҷудо карда шуданд.
Лоиҳаи дигар дар деҳаи Баҷуи ҷамоати Пастхуф ба анҷом расид. Дар ин ҷо як маркази нави тиббӣ бо маблағи 45 ҳазор доллар сохта шуд. Маркази тиббии куҳна дар натиҷаи заминларзаи соли 2015 хароб шудааст.
Тарҳи сеюм дар деҳаи Кулумбаи Болои ҷамоати деҳоти Сагирдашти ноҳияи Дарвоз амалӣ карда шуд.
Дар ин ҷо сохтмони маркази тиббӣ ва анбор ба маблағи 44,8 ҳазор доллар ба анҷом расидааст.
Қайд карда мешавад, ки ҳамаи лоиҳаҳо аз ҷониби Ҷопон ҳамчун кумаки башардӯстона ройгон амалӣ карда мешаванд.
Пештар хабар дода шуд, ки мақомоти Ҷопон барои иҷрои се тарҳи тиббӣ дар Тоҷикистон тақрибан 280 ҳазор доллари дигар ҷудо хоҳанд кард.