https://sputnik.tj/20210416/azim-ibrohim-mablaghhoi-grantii-jopon-masaraf-1038512431.html
Азим Иброҳим гуфт, 105 миллион доллар маблағҳои грантии Ҷопон дар куҷо истифода шуд
Азим Иброҳим гуфт, 105 миллион доллар маблағҳои грантии Ҷопон дар куҷо истифода шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки маблағҳои грантии Ҳукумати Ҷопон то имрӯз ба шаш лоиҳаи бунёду навсозии роҳҳо ва таҳкимбахшии иқтидори техникии муасисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингард ва ғайра масраф шудааст
2021-04-16T12:25+0500
2021-04-16T12:25+0500
2021-04-19T16:54+0500
грант
нақлиёт
ҳамкорӣ
ҷопон
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102895/39/1028953992_0:160:1303:893_1920x0_80_0_0_7c54111fbd238836d1d3633554f7bd44.jpg
ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни мулоқот бо муовини директори Депортаменти инфрасохтори Агентии ҳамкории байналмилалии Ҳукумати Ҷопон (JICA) Коизуми Хироюки, пурра маълумот дод, ки 105 миллион доллар маблағҳои грантии Ҳукумати Япония ба кадом мақсадҳо масраф шудааст. Ба гуфтаи вазир бо истифодаи 105 миллион доллар маблағҳои грантии Ҳукумати Япония то имрӯз шаш лоиҳаи бунёду навсозии роҳҳо ва таҳкимбахшии иқтидори техникии муасисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингард равона шудааст.Номбурда гуфт, ба ин маблағ лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои мошингарди Дӯстӣ –Панҷи Поён, Бохтар –Дӯстӣ, хариди техникаю таҷҳизот барои муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, минтақаи Ҳисор, вилояти Суғду минтақаи Кӯлоб амалӣ гардид, ки дар натиҷа 87,3 километр роҳи мошингарди байнамилалии ҷавобгӯ ба талаботи муосир навсозӣ шуда аст. Вай илова кард, ки ба муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо 333 техника ва таҷҳизоти пуриқтидору зарурӣ дастрас гардид.Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки дар мулоқоти мазкур масъалаи ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония, аз ҷумла Агентии ҳамкории байналмилалии Ҳукумати Ҷопон (JICA) марбут ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.Вазири нақлиёт Азим Иброҳим зикр намуд, ки ҳамкории судманди вазорат бо JICA минбаъд низ густариш ёфта, айни ҳол амалӣ намудани якчанд лоиҳаи барои соҳа муҳим рӯи кор омадаанд.“Аз ҷумла, лоиҳаи “Тақвияти иқтидорнокӣ ҷиҳати идоракунии пулҳо дар Тоҷикистон”, ки татбиқи он аз 1 апрел соли равон оғоз гардид, барои рушди соҳа басо муҳим аст”,-афзуд Азим Иброҳим.Намояндагони Ҳукумати Ҷопон густариши ҳамкории судманди минбаъдаро бо Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳо аз қатори афзалиятҳои аввалиндараҷа барои фаъолият дар солҳои минбаъда маънидод намуд.“Татбиқи лоиҳаи мазкур низ давоми мантиқии ҳамкории судманди миёни ду давлат мебошад, ки бо сифати хуб ва дар муҳлати муайянгардида анҷом хоҳад ёфт. Дар татбиқи лоиҳаи мазкур бо КВД “ПЛИН” (Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ) ҳамкорӣ хоҳем кард”,-таъкид намуданд Намояндагони Ҳукумати Ҷопон.
https://sputnik.tj/20210205/Azim-Ibrohim-tatbiqi-naqbi-Istiqlol-masraf--1032763543.html
https://sputnik.tj/20210203/Azim-Ibrohim-Tojikiston-roh-TAT-1032751513.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102895/39/1028953992_113:131:1238:975_1920x0_80_0_0_698c035cfd3e853cfb367ea461cc93e6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
азим иброҳим, ҷопон, маблағҳои грантӣ, масраф
азим иброҳим, ҷопон, маблағҳои грантӣ, масраф
Азим Иброҳим гуфт, 105 миллион доллар маблағҳои грантии Ҷопон дар куҷо истифода шуд
12:25 16.04.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки маблағҳои грантии Ҳукумати Ҷопон то имрӯз ба шаш лоиҳаи бунёду навсозии роҳҳо ва таҳкимбахшии иқтидори техникии муасисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингард ва ғайра масраф шудааст
ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни мулоқот бо муовини директори Депортаменти инфрасохтори Агентии ҳамкории байналмилалии Ҳукумати Ҷопон (JICA) Коизуми Хироюки, пурра маълумот дод, ки 105 миллион доллар маблағҳои грантии Ҳукумати Япония ба кадом мақсадҳо масраф шудааст.
Ба гуфтаи вазир бо истифодаи 105 миллион доллар маблағҳои грантии Ҳукумати Япония то имрӯз шаш лоиҳаи бунёду навсозии роҳҳо ва таҳкимбахшии иқтидори техникии муасисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингард равона шудааст.
Номбурда гуфт, ба ин маблағ лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои мошингарди Дӯстӣ –Панҷи Поён, Бохтар –Дӯстӣ, хариди техникаю таҷҳизот барои муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, минтақаи Ҳисор, вилояти Суғду минтақаи Кӯлоб амалӣ гардид, ки дар натиҷа 87,3 километр роҳи мошингарди байнамилалии ҷавобгӯ ба талаботи муосир навсозӣ шуда аст.
Вай илова кард, ки ба муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо 333 техника ва таҷҳизоти пуриқтидору зарурӣ дастрас гардид.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки дар мулоқоти мазкур масъалаи ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония, аз ҷумла Агентии ҳамкории байналмилалии Ҳукумати Ҷопон (JICA) марбут ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вазири нақлиёт Азим Иброҳим зикр намуд, ки ҳамкории судманди вазорат бо JICA минбаъд низ густариш ёфта, айни ҳол амалӣ намудани якчанд лоиҳаи барои соҳа муҳим рӯи кор омадаанд.
“Аз ҷумла, лоиҳаи “Тақвияти иқтидорнокӣ ҷиҳати идоракунии пулҳо дар Тоҷикистон”, ки татбиқи он аз 1 апрел соли равон оғоз гардид, барои рушди соҳа басо муҳим аст”,-афзуд Азим Иброҳим.
Намояндагони Ҳукумати Ҷопон густариши ҳамкории судманди минбаъдаро бо Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳо аз қатори афзалиятҳои аввалиндараҷа барои фаъолият дар солҳои минбаъда маънидод намуд.
“Татбиқи лоиҳаи мазкур низ давоми мантиқии ҳамкории судманди миёни ду давлат мебошад, ки бо сифати хуб ва дар муҳлати муайянгардида анҷом хоҳад ёфт. Дар татбиқи лоиҳаи мазкур бо КВД “ПЛИН” (Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ) ҳамкорӣ хоҳем кард”,-таъкид намуданд Намояндагони Ҳукумати Ҷопон.