https://sputnik.tj/20210826/argentina-sputnik-antitelho-1041911516.html
Дар Аргентина шарҳ дорданд , ки "Спутник V" чигуна антителҳо ҳосил мекунад
Дар Аргентина шарҳ дорданд , ки "Спутник V" чигуна антителҳо ҳосил мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Аргентина иддао дорад, ки дифои бадан аз мутатсияҳои вируси SARS-CoV-2 дар давоми шаш моҳи пас аз ваксина афзоиш меёбад 26.08.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-08-26T18:36+0500
2021-08-26T18:36+0500
2021-08-26T18:36+0500
дар ҷаҳон
тандурустӣ
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1f/1041334317_0:0:3145:1770_1920x0_80_0_0_cf303d38c8fd0a84facf7d8f965cd66a.jpg
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Антителҳо аз коронавирус тадриҷан дар давоми шаш моҳ пас аз ваксина бо доруи русии Спутник В ҳосил мешаванд. Тадқиқоти олимони Аргентина дар вебгоҳи medrxiv.org нашр шудааст. Дар таҷрибаҳо коршиносони донишкадаҳои гуногун ва муассисаҳои тиббӣ, бахусус Вазорати тандурустӣ, Донишгоҳи Буэнос -Айрес, Донишгоҳи амрикоии Вашингтон дар Сент -Луис ва дигарон ҷалб карда шуданд. Муҳаққиқон 1800 намунаеро, ки бо ваксинаи Русия эм карда шудаанд, омӯхтанд. Ин омӯзиш моҳҳои январ-августро фаро гирифтааст. Олимон ҳосилшавии антителҳо ва қобилияти муқовимат ба штаммҳои "алфа" (Бритониё), "бета" (Африқои Ҷанубӣ), "гамма" (Бразилия), "делта" (Ҳиндустон)-ро пайгирӣ кардаанд.Иқтибосҳо аз ин ташхис дар Бунёди сармоягузории мустақими Русия дар вебсайте, ки ба ваксина бахшида шудааст,нашр гардидааст. Дар гузориш қайд карда мешавад, ки ҳифзи бадан аз штаммҳои нави коронавируси дорои мутатсия дар давоми шаш моҳи пас аз ваксина "дар натиҷаи камолоти давомдори антителаҳои безараргардонӣ ва баланд бардоштани самаранокии безараргардонии онҳо" меафзояд. Ин хусусан барои штаммҳои "бета" ва "гамма" дуруст буд. Кори анҷомдодаи олимони Аргентина тасдиқ кард, ки қобилияти безараргардонии антителоҳо пас аз 120 рӯз пас аз ваксина дар муқоиса бо нишондиҳандаҳое, ки дар давоми 42 рӯзи пас аз ваксина мушоҳида шудаанд, хеле афзоиш ёфтааст. Ваксинаи Спутник V моҳи декабри соли гузашта дар Аргентина сабт шуда буд. Аргентина баъд аз Федератсияи Русия ва Беларус сеюмин давлат дар ҷаҳон шуд, ки истифодаи ваксинаи Русияро иҷозат дод.
https://sputnik.tj/20210813/mavod-derintizor-vaksina-sputnik-dushanbe-1041630643.html
https://sputnik.tj/20210821/olimon-roh-muhofizat-covid-19-1041809221.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1f/1041334317_271:0:3002:2048_1920x0_80_0_0_7e73bd786664ed8e4f1ef0524112a694.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, тандурустӣ, ваксина, коронавирус
дар ҷаҳон, тандурустӣ, ваксина, коронавирус
Дар Аргентина шарҳ дорданд , ки "Спутник V" чигуна антителҳо ҳосил мекунад
Аргентина иддао дорад, ки дифои бадан аз мутатсияҳои вируси SARS-CoV-2 дар давоми шаш моҳи пас аз ваксина афзоиш меёбад
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Антителҳо аз коронавирус тадриҷан дар давоми шаш моҳ пас аз ваксина бо доруи русии Спутник В ҳосил мешаванд.
Тадқиқоти олимони Аргентина дар вебгоҳи medrxiv.org нашр шудааст.
Дар таҷрибаҳо коршиносони донишкадаҳои гуногун ва муассисаҳои тиббӣ, бахусус Вазорати тандурустӣ, Донишгоҳи Буэнос -Айрес, Донишгоҳи амрикоии Вашингтон дар Сент -Луис ва дигарон ҷалб карда шуданд.
Муҳаққиқон 1800 намунаеро, ки бо ваксинаи Русия эм карда шудаанд, омӯхтанд. Ин омӯзиш моҳҳои январ-августро фаро гирифтааст.
Олимон ҳосилшавии антителҳо ва қобилияти муқовимат ба штаммҳои "алфа" (Бритониё), "бета" (Африқои Ҷанубӣ), "гамма" (Бразилия), "делта" (Ҳиндустон)-ро пайгирӣ кардаанд.
Иқтибосҳо аз ин ташхис дар Бунёди сармоягузории мустақими Русия дар вебсайте, ки ба ваксина бахшида шудааст,нашр гардидааст.
Дар гузориш қайд карда мешавад, ки ҳифзи бадан аз штаммҳои нави коронавируси дорои мутатсия дар давоми шаш моҳи пас аз ваксина "дар натиҷаи камолоти давомдори антителаҳои безараргардонӣ ва баланд бардоштани самаранокии безараргардонии онҳо" меафзояд.
Ин хусусан барои штаммҳои "бета" ва "гамма" дуруст буд.
Кори анҷомдодаи олимони Аргентина тасдиқ кард, ки қобилияти безараргардонии антителоҳо пас аз 120 рӯз пас аз ваксина дар муқоиса бо нишондиҳандаҳое, ки дар давоми 42 рӯзи пас аз ваксина мушоҳида шудаанд, хеле афзоиш ёфтааст.
Ваксинаи Спутник V моҳи декабри соли гузашта дар Аргентина сабт шуда буд. Аргентина баъд аз Федератсияи Русия ва Беларус сеюмин давлат дар ҷаҳон шуд, ки истифодаи ваксинаи Русияро иҷозат дод.