https://sputnik.tj/20210827/bozdid-jabborov-mahalho-munoqisha-marzi-tojikiston-1041931463.html
Боздиди Ҷабборов аз маҳалҳои осебдида дар муноқишаи марзӣ бо Тоҷикистон
Боздиди Ҷабборов аз маҳалҳои осебдида дар муноқишаи марзӣ бо Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон, феълан дар вилояти Бодканд, ҳаммарз бо Тоҷикистон қарор дорад
2021-08-27T17:45+0500
2021-08-27T17:45+0500
2021-08-27T17:45+0500
қирғизистон
осиёи марказӣ
марз
сохтмон
хона
муноқиша
содир ҷабборов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/17/1038988735_0:0:2957:1663_1920x0_80_0_0_83223f8a3dcb62e0526ddd39c90defd0.jpg
ДУШАНБЕ, 27 авг – Sputnik. Содир Ҷабборов зимни сафараш ба Бодканд аз маҳаллаҳое боздид намуд, ки дар даргирии мусаллаҳонаи марзӣ бо Тоҷикистон зарар дида буданд. Раисиҷумҳури Қирғизистон дар деҳаи Мақсад бо сохтмони иншооти иҷтимоӣ шинос шуда, аз ҷумла аз бинои навбунёди милиса, нуқтаи тиббӣ, мактаб ва майдони футбол боздид кард. "Ба раисиҷумҳур иттилоъ доданд, ки деҳа бо таъмин гардида, 11 километр роҳ асфалтпӯш шудааст. Кӯчаҳо чароғон шуда, интиқоли оби гарму хунук ба кӯдакистони бунёдшаванда идома дорад", - навиштааст дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон. Дар майдони нави футбол Ҷабборов шахсан бо аъзои тими наврасони маҳаллӣ бозӣ кардааст. Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар оғози ин даргирӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд.Дар пайи гуфтушуниди ҷонибҳо ва суҳбатҳои роҳбарони ду кишвар тирпарронӣ қатъ гардида, вазъ ба эътидол омад. Феълан гуруҳи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои мушаххассозии сарҳад кор мекунанд.Ин ду кишвар беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо боиси муноқиша шудааст.
https://sputnik.tj/20210702/taqdim-honaho-sokinon-zarardida-munoqisha-marz-1040585388.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/17/1038988735_129:0:2860:2048_1920x0_80_0_0_88e4fcf923a9d0e6c449b67a8d0805e7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷабборов, раисиҷумҳур, қирғизистон, тоҷикистон, бодканд
ҷабборов, раисиҷумҳур, қирғизистон, тоҷикистон, бодканд
Боздиди Ҷабборов аз маҳалҳои осебдида дар муноқишаи марзӣ бо Тоҷикистон
Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон, феълан дар вилояти Бодканд, ҳаммарз бо Тоҷикистон қарор дорад
ДУШАНБЕ, 27 авг – Sputnik. Содир Ҷабборов зимни сафараш ба Бодканд аз маҳаллаҳое боздид намуд, ки дар даргирии мусаллаҳонаи марзӣ бо Тоҷикистон зарар дида буданд.
Раисиҷумҳури Қирғизистон дар деҳаи Мақсад бо сохтмони иншооти иҷтимоӣ шинос шуда, аз ҷумла аз бинои навбунёди милиса, нуқтаи тиббӣ, мактаб ва майдони футбол боздид кард.
"Ба раисиҷумҳур иттилоъ доданд, ки деҳа бо таъмин гардида, 11 километр роҳ асфалтпӯш шудааст. Кӯчаҳо чароғон шуда, интиқоли оби гарму хунук ба кӯдакистони бунёдшаванда идома дорад", - навиштааст дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон.
Дар майдони нави футбол Ҷабборов шахсан бо аъзои тими наврасони маҳаллӣ бозӣ кардааст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар оғози ин даргирӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд.
Дар пайи гуфтушуниди ҷонибҳо ва суҳбатҳои роҳбарони ду кишвар тирпарронӣ қатъ гардида, вазъ ба эътидол омад. Феълан гуруҳи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои мушаххассозии сарҳад кор мекунанд.
Ин ду кишвар беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо боиси муноқиша шудааст.