https://sputnik.tj/20210826/tojikiston-sodirot-barq-afzoish-1041905314.html
Тоҷикистон содироти нерӯи барқро афзоиш дод
Тоҷикистон содироти нерӯи барқро афзоиш дод
Sputnik Тоҷикистон
Даромади Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши барқ дар тобистон меафзояд
2021-08-26T15:31+0500
2021-08-26T15:31+0500
2021-08-26T15:31+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
барқ
содирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039793582_0:0:3135:1764_1920x0_80_0_0_a9c4ada1ed018560ad57732dfde93004.jpg
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсояро афзоиш додааст, хабар медиҳад "Авеста" бо такя ба манобеъи бахши энержии кишвар. Мувофиқи маълумоти шӯъбаҳои дахлдор, Тоҷикистон дар 7 моҳи соли 2021 барои тиҷорати барқ беш аз 55 миллион доллар дарёфт кардааст.Ҳаҷми содироти нерӯи барқ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020 25%афзоиш ёфтааст. Рӯйхати дақиқи харидорони нерӯи барқ аз Тоҷикистон ифшо нашудааст, аммо маълум аст, ки харид аз ҷониби Ӯзбекистон ва Афғонистон сурат гирифтааст.Танҳо дар 7 моҳи соли 2021 Тоҷикистон беш аз 12 миллиард кВт / соат нерӯи барқ тавлид кард, ки нисбат ба соли гузашта 0,8% афзоиш ёфтааст. Ёдовар мешавем, ки тайи шаш моҳ тавлиди нерӯи барқ каме коҳиш ёфтааст. Ҳамчунин дар нишасти хабарии ҳисоботии раёсат маълум шуд, ки онҳо имсол нақшаи баланд бардоштани тарифҳои нерӯи барқро доранд. Ин масъаларо комиссияи кории назди Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон баррасӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20210810/vazorat-kormandoni-nerugohi-norak-bo-vaksini-amrikoi-em-shudand-1041577929.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039793582_196:0:2927:2048_1920x0_80_0_0_1c07bf4ecbc2c6a4d0d8f4bcb3a9f7c6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
барқ содирот
Тоҷикистон содироти нерӯи барқро афзоиш дод
Даромади Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши барқ дар тобистон меафзояд
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсояро афзоиш додааст, хабар медиҳад "Авеста" бо такя ба манобеъи бахши энержии кишвар.
Мувофиқи маълумоти шӯъбаҳои дахлдор, Тоҷикистон дар 7 моҳи соли 2021 барои тиҷорати барқ беш аз 55 миллион доллар дарёфт кардааст.
Ҳаҷми содироти нерӯи барқ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020 25%афзоиш ёфтааст.
Рӯйхати дақиқи харидорони нерӯи барқ аз Тоҷикистон ифшо нашудааст, аммо маълум аст, ки харид аз ҷониби Ӯзбекистон ва Афғонистон сурат гирифтааст.
Танҳо дар 7 моҳи соли 2021 Тоҷикистон беш аз 12 миллиард кВт / соат нерӯи барқ тавлид кард, ки нисбат ба соли гузашта 0,8% афзоиш ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки тайи шаш моҳ тавлиди нерӯи барқ каме коҳиш ёфтааст. Ҳамчунин дар нишасти хабарии ҳисоботии раёсат маълум шуд, ки онҳо имсол нақшаи баланд бардоштани тарифҳои нерӯи барқро доранд.
Ин масъаларо комиссияи кории назди Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон баррасӣ мекунад.