Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Вазорат: кормандони нерӯгоҳи "Норак" бо ваксини амрикоӣ эм шуданд

© Sputnik / Шерстенников / Гузариш ба медиабонкНурекская ГЭС, архивное фото
Нурекская ГЭС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Обуна шудан
Ҳамзамон кормандони Нерӯгоҳи обии барқии "Бойғозӣ" ҳам бо ин навъ ваксин эм карда шуданд
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Дар шаҳри Норак 8 156 нафар алайҳи бемории коронавирус ваксин гирифтанд, ки ин 21 дарсади аҳолиро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.
Ба иттилои манбаъ, кормандони НБО "Норак" барои саривақт пешгирӣ намудан аз ин беморӣ ба пуррагӣ ваксин гирифтанд. Манбаъ меафзояд, ки кормандони ин нерӯгоҳ бо ваксини сохти Амрико, "Moderna" таъмн карда шуданд. Илова бар ин кормандони нерӯгоҳи "Бойғозӣ" ҳам бо ин ваксин эм карда шуданд.
Вакцина AstraZeneca - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Тоҷикистон боз 129 ҳазор воя ваксини "AstraZeneca" - ро қабул кард
Манбаъ аз қавли ҳамшираи тиббии НБО "Норак" Моҳбону Раҳмонова менависад, ки дар ин ду нерӯгоҳ аз аввали пайдоиши вирус беаҳамиятӣ миёни кормандон зоҳир нашуд ва ҳамагон чораҳои беҳдоштиро қатъиян риоя мекарданд.
Аммо муносибати мардум ба маъракаи ваксинзанӣ аз аввал ҷиддӣ набуд ва кам таваҷҷӯҳ мекарданд.
"Бо баргузор кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ назари мардум нисбати ин дард ва ваксин тағйр ёфта ҳоло 21 дарсади аҳолии шаҳри Норак ваксин гирифтаанд", - гуйфта мешавад дар хабар.
Вазорат мегӯяд, ҳоло ба шаҳри мазкур ҳар се навъ ваксин, ки ҳоло дар Тоҷикстон мавҷуданд, дастрас гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0