Коршинос: бурузи дубораи коронавирус ба муҳоҷирон мушкилӣ эҷод мекунад

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкМигранты в России
Мигранты в России  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Обуна шудан
Мутахассиси равандҳои муҳоҷират тавзеҳ дод, ки муҳоҷиронро дар Русия пас аз ошкор кардани сироятҳои нави коронавирус дар Тоҷикистон чӣ интизор аст
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Пешгӯӣ кардан душвор аст, ки мавҷи нави коронавирус дар Тоҷикистон ба соҳаи муҳоҷират чӣ гуна таъсир мерасонад, гуфт Юрий Московский, раиси комиссияи муҳоҷирати Шӯрои корҳои миллатҳои назди ҳукумати Маскав дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.
"Мехостам шаҳрвандони хориҷиро дар қаламрави Русия, чун шаҳрвандони Русия ройгон ва ихтиёрӣ эм кунанд. Ба ҳар ҳол ҳол, сухан дар бораи Маскав меравад. Муҳоҷироне, ки дар ин ё он коргоҳи пойтахт фаъолият мекунанду кормандони он эк карда мешаванд, бояд ваксин зада шаванд", - таъкид кард коршинос.
Руководитель Департамента здравоохранения Международной федерации обществ Красного Креста и Красного Полумесяца в Европе Даврон Мухамадиев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Муҳаммадиев гуфт, ба Тоҷикистон барои пирӯзӣ бар мавҷи нави коронавирус чӣ кумак мекунад
Мутахассиси муҳоҷират афзуд, ки чунин чораҳо мебоист хеле барвақттар, масалан, як сол пеш амалӣ мешуданд.
"Дар мавриди вазъи вуруди муҳоҷирон ба Русия, роҳ ҳоло аслан баста аст. Мо танҳо иртиботи ҳавоӣ дорем", - гуфт Московский.
Ба қавли ӯ, бояд ҳамаи муҳоҷирон бидуни истисно ба таври ихтиёрӣ эм карда шаванд.
Вай афзуд, ки ҳангоми ташхиси тиббӣ аз хориҷиён шаҳодатнома дар бораи набудани COVID-19 талаб карда мешавад.
"Агар бемор бошад, патент намегирад. Дуруст аст, саволе ба миён меояд, агар суғурта надошта бошад, чигуна метавон ба табобат фаро гирифт. Яъне, саволҳои зиёде, ки вобаста ба эпидемия ба миён меоянд", - таъкид мекунад мутахасисси муҳоҷират.
Фаврӣ: дар Тоҷикистон боз коронавирус ба қайд гирифта шуд
Коршинос қайд кард, ки ягона роҳи бартараф кардани мавҷи нави COVID-19 дар байни муҳоҷирон ваксина ва расонидани ёрии ройгони тиббӣ мебошад.
Вай афзуд, ки мулоҳизаҳои пешниҳоди ваксинаро бар ивази маблағ ба хориҷиён ҷиноят меҳисобад.
Московский гуфт, чораи охирини пурзӯр кардани мубориза бо коронавирус - бастани парвозҳо аст - аммо ин усулан кумак намекунад.
Лентаи хабарҳо
0