Пиёдагарди хурдсол зери чархи мошин ба ҳалокат расид

© Фото : CC0 / Rico_LoebДорожный знак, архивное фото
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Обуна шудан
Ҳодисаи нохуш дар дар ҳудуди шаҳри Ҳисор рух додааст. Хурдсоли 4-сола, ки аз сӯи як ронандаи ҷавон пахш шудааст, дар беморхона ба ҳалокат расидааст
ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, хурдсолро дар ҳудуи шаҳри Ҳисор ронандаи ҷавони 24-сола пахш намудааст.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти ВКД-и Тоҷикистон ҳодисаи нохуш санаи 24-уми августи соли равон рух додааст.
“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Карола”, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди шаҳри Ҳисор, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, соли таваллудаш 2017, сокини ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисорро пахш намудааст”, - таъкид доштааст манбаъ.
Скорая помощь в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Ҳалокати шаҳрванди Афғонистон дар Душанбе дар пайи садама: боздошти ронандаи фирорӣ
Қайд шудааст, ки дар натиҷа, хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Дар ҳоли ҳозир аз сӯи кормандони милитсия таҳқиқоти ин ҳодиса идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0