https://sputnik.tj/20210826/mastchoh-afzoishi-istehsoli-mahsuloti-sanoat-1041898151.html
Мастчоҳ аз афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ хабар дод
Мастчоҳ аз афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Мастчоҳ эълон кардааст, ки дар ҳафт моҳи соли равон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 122 дарсад афзоиш ёфтааст
2021-08-26T13:05+0500
2021-08-26T13:05+0500
2021-08-26T13:05+0500
дар тоҷикистон
истеҳсол
саноат
суғд
мастчоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103151/11/1031511176_0:259:3081:1992_1920x0_80_0_0_6e432d537dcf0353664c81860d43d5b6.jpg
ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Дар ин ноҳияи Мастчоҳ дар давоми 7 моҳи соли равон беш аз 97 миллион 700 ҳазор сомонӣ афзуда, иҷроиши он нисбати ҳамин давраи соли гузашта 17 миллион 747 ҳазор ё худ 122,2 дарсад таъмин гардидааст, итилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд.Гуфта шудааст, ки дар ноҳияи Мастчоҳ айни замон зиёда аз 30 адад корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият мекунанд.Манбаъ таъкид доштааст, ки ҳаҷми истеҳсоли корхонаҳо дар ноҳия дар замони авҷи пандемия назаррас будааст.Ҳамзамон мақомоти ноҳия зикр кардааст, ки дар ин миён бузургтарин корхонаҳои саноатии ноҳия ҶДММ “Суғдсемент” ва ҶДММ “Ангубин” фаъолияташон назаррас будааст.“Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тибқи нишондидаҳо дар соли равон хеле назаррас мебошанд. Корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ, хусусан, корхонаи “Суғдсемент” дар давоми 7 моҳи соли равон 37 400 тонна семент, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 95,7%, корхонаи “Нури Сафар” 3121,4 ҳазор дона маҳсулоти пластмассагӣ, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 96,6%, корхонаҳои коркарди пахта 1595,3 тонна нахи пахта, 3045 тонна чигит, корхонаи “Сиандарт” 0,1 тонна ҳасиб, корхонаи “Нури Сафар” 68,8 тонна маҳсулоти ширӣ истеҳсол намудаанд, ки нишондиҳаҳои хуб ҳастанд”,- иттилоъ додааст Алишер Қурбонов, мудири бахши рушди иқтисод ва савдои ноҳия.Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои манбаъ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар моҳи июли соли равон наздик ба 50 фисад кам гардидааст. Аммо дар моҳи июн бошад, корхонаҳои саноатӣ зиёда аз 15 млн. 700 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд.Ба иттилои манбаъ, омилҳои дар моҳи июли соли 2021 наздик ба 50 фисад кам гардидани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ин гарон шудани нархи сӯзишвориҳо ва паҳн гардидани мавҷи нави коронавирус дар ноҳия будааст.Тибқи маълумоти манбаъ, дар ҳафт моҳи соли равон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ 97 млн. 774 ҳазору 500 сомониро ташкл додааст, ки саҳми корхонаи “Ангубин” ва корхона “Суғдсемент” 26,4 фоизи онро ташкил додаанд. Ҳамчунин дар ин давра хизматрасони пулакӣ 29,1%, соҳибкорони инфиродӣ 6,7% ва дигар корхонаҳои хурду калон 37,8 дарсадро дарбар мегирад.Гардиши савдои чакана бошад, дар ин давра ба 178 млн. 887 ҳазору 800 сомонӣ расонида шудааст, ки ин нишондҳанда 141,8 фоизро дарбар мегирад, ки 57 млн. 748 ҳазору 300 сомонӣ зиёд мебошад.Хизматрасонии пӯлакӣ бошад, ба 25 млн. 535 ҳазору 900 сомонӣ баробар гардидааст, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104,8 фоизро ташкил додааст.Мавриди зикр аст, ки дар ноҳия аз рӯи 11 намуд хизматрасонии пӯлакӣ, аз ҷумла хизматрасонии тиббӣ, бонкӣ, коммуналӣ, техникӣ, маишӣ, нотариалӣ ва чандеи дигар ба роҳ монда шудаанд.
https://sputnik.tj/20210826/rahmon-tursunzoda-korhonai-nav-alumin-prof-iftitoh-1041892726.html
https://sputnik.tj/20210419/behbudii-sohai-sanoat-tojikiston-hisobot-1038792718.html
суғд
мастчоҳ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103151/11/1031511176_5:0:2734:2047_1920x0_80_0_0_6f0b5fcecdd26670c8e872453e4de09a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, саноат, маҳсулоти саноатӣ, истеҳсол, мастчоҳ
тоҷикистон, саноат, маҳсулоти саноатӣ, истеҳсол, мастчоҳ
Мастчоҳ аз афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ хабар дод
Мақомоти Мастчоҳ эълон кардааст, ки дар ҳафт моҳи соли равон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 122 дарсад афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Дар ин ноҳияи Мастчоҳ дар давоми 7 моҳи соли равон беш аз 97 миллион 700 ҳазор сомонӣ афзуда, иҷроиши он нисбати ҳамин давраи соли гузашта 17 миллион 747 ҳазор ё худ 122,2 дарсад таъмин гардидааст, итилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд.
Гуфта шудааст, ки дар ноҳияи Мастчоҳ айни замон зиёда аз 30 адад корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият мекунанд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки ҳаҷми истеҳсоли корхонаҳо дар ноҳия дар замони авҷи пандемия назаррас будааст.
“Бино ба маълумотҳои бахши рушди иқтисод ва савдо, гарчанде соли гузашта авҷи пандемия ба бисёре аз корхонаи саноатӣ, хусусан, ба ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот таъсири манфии худро расонид, аммо корхонаҳо тавонистанд сифатан нақшаи истеҳсолотро таъмин намоянд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамзамон мақомоти ноҳия зикр кардааст, ки дар ин миён бузургтарин корхонаҳои саноатии ноҳия ҶДММ “Суғдсемент” ва ҶДММ “Ангубин” фаъолияташон назаррас будааст.
“Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тибқи нишондидаҳо дар соли равон хеле назаррас мебошанд. Корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ, хусусан, корхонаи “Суғдсемент” дар давоми 7 моҳи соли равон 37 400 тонна семент, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 95,7%, корхонаи “Нури Сафар” 3121,4 ҳазор дона маҳсулоти пластмассагӣ, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 96,6%, корхонаҳои коркарди пахта 1595,3 тонна нахи пахта, 3045 тонна чигит, корхонаи “Сиандарт” 0,1 тонна ҳасиб, корхонаи “Нури Сафар” 68,8 тонна маҳсулоти ширӣ истеҳсол намудаанд, ки нишондиҳаҳои хуб ҳастанд”,- иттилоъ додааст Алишер Қурбонов, мудири бахши рушди иқтисод ва савдои ноҳия.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои манбаъ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар моҳи июли соли равон наздик ба 50 фисад кам гардидааст. Аммо дар моҳи июн бошад, корхонаҳои саноатӣ зиёда аз 15 млн. 700 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд.
Ба иттилои манбаъ, омилҳои дар моҳи июли соли 2021 наздик ба 50 фисад кам гардидани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ин гарон шудани нархи сӯзишвориҳо ва паҳн гардидани мавҷи нави коронавирус дар ноҳия будааст.
Тибқи маълумоти манбаъ, дар ҳафт моҳи соли равон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ 97 млн. 774 ҳазору 500 сомониро ташкл додааст, ки саҳми корхонаи “Ангубин” ва корхона “Суғдсемент” 26,4 фоизи онро ташкил додаанд. Ҳамчунин дар ин давра хизматрасони пулакӣ 29,1%, соҳибкорони инфиродӣ 6,7% ва дигар корхонаҳои хурду калон 37,8 дарсадро дарбар мегирад.
Гардиши савдои чакана бошад, дар ин давра ба 178 млн. 887 ҳазору 800 сомонӣ расонида шудааст, ки ин нишондҳанда 141,8 фоизро дарбар мегирад, ки 57 млн. 748 ҳазору 300 сомонӣ зиёд мебошад.
Хизматрасонии пӯлакӣ бошад, ба 25 млн. 535 ҳазору 900 сомонӣ баробар гардидааст, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104,8 фоизро ташкил додааст.
Мавриди зикр аст, ки дар ноҳия аз рӯи 11 намуд хизматрасонии пӯлакӣ, аз ҷумла хизматрасонии тиббӣ, бонкӣ, коммуналӣ, техникӣ, маишӣ, нотариалӣ ва чандеи дигар ба роҳ монда шудаанд.