https://sputnik.tj/20210826/donishju-tojik-muloqot-putin-sokini-khujand-1041893029.html
Донишҷӯи тоҷике, ки ба мулоқоти Путин роҳ ёфт, сокини Хуҷанд будааст
Донишҷӯи тоҷике, ки ба мулоқоти Путин роҳ ёфт, сокини Хуҷанд будааст
Sputnik Тоҷикистон
Владимир Путин, дирӯз ҷаласаи Шӯрои давлатӣ оид ба соҳаи маорифро баргузор намуд. Қабл аз баргузории иҷлосия роҳбари Русия бо омӯзгорону донишҷӯён видеоконфронс барпо кард ва дар он Абдуллохуҷа Бобоев, донишҷӯи тоҷик низ роҳ ёфт
2021-08-26T10:55+0500
2021-08-26T10:55+0500
2021-08-26T10:55+0500
дар тоҷикистон
хуҷанд
владимир путин
тоҷик
донишҷӯ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/11/1040276089_0:0:3291:1852_1920x0_80_0_0_b0b2c6ed8ba15e01cebf2318d1a9fdb5.jpg
ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Абдуллохуҷа Бобоев, сокини шаҳри Хуҷанд буда, соли ҷорӣ мактаби хусусии “Амид” и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро хатм намуда, ба факултаи тиббии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия дар шаҳри Маскав дохил шудааст.Дилбар Бобоева, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон, чи гуна роҳ ёфтани донишҷӯи тоҷик ба мулоқоти Президенти Русияро шарҳ дод.Донишҷӯи тоҷик дар суҳбат ба Президент барои барпо намудани чунин мулоқот сипосгузорӣ намуда ва гуфтааст, ки барои бо муваффақ гузаштан аз имтиҳони донишгоҳ саҳми устодонаш ба вижа омӯзгороне, ки тибқи барномаи давлатӣ аз Русия ба Тоҷикистон рафта аз фанҳои гуногун дарс омӯзонидаанд назаррас аст.Путин дар суҳбат бо донишҷӯи тоҷик гуфтааст, ки кишвари Тоҷикистон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ махсусан забони русӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва дар ин ҷабҳа ӯ аз мусоидати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки то ин вақт корҳои хубе ба иҷро расонида шудааст.“Қариб ҳамеша аз ҷониби ӯ, масъалаи кӯмаки Русия ба Тоҷикистон дар мавриди рушди забони русӣ ба миён гузошта мешавад. Мо ҳатто нақшаҳои мушаххасеро дар ин замина илова ба оне, ки то имрӯз анҷом шудааст, дорем”, - гуфтааст Путин дар сӯҳбат бо донишҷӯи тоҷик.Чанде қабл Қодирзода Диловар, муовини аввали вазири маорифи Тоҷикистон, ки дар оғози маъракаи имтиҳонсупорӣ дар Хуҷанд иштирок дошт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар заминаи ҳамкориҳои дуҷонибаи стратегӣ бо кишвари Русия, соҳаи маориф дар мадди аввал қарор дорад.Қодирзода таъкид кард, ки таҳсил дар донишгоҳҳои Русия ба рушди ҷаҳонбинии донишҷӯёни тоҷик мусоидат мекунад.Ӯ гуфт, кишвари Тоҷикистон низ дар навбати худ 50 квота барои донишомӯзон ва муаллимони Русия ҷудо намудааст.Бино ба иттилои расмӣ алҳол кам ё беш аз 24 ҳазор нафар тоҷикистониён дар макотиб ва донишгоҳои олии кишвари Русия таҳсил мекунанд.Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон то сентябри соли 2022 сохтмони 5 мактаби русӣ ба анҷом расонида шавад, ки ҳар яки онҳо метавонанд то 1200 хонандаро қабул намояд.Муассисаҳои таълимӣ дар панҷ шаҳр: Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода сохта мешаванд. Мудири маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, соли хониши 2021-2022 шумори омӯзгорон аз Русия, ки барои кор ба мактаби “Дурахшандагон” и ҷамоати Хистеварз ҷалб шудаанд ба 9 нафар афзудааст.Соли қаблӣ 50 омӯзгори рус аз 18 минтақаи Русия дар мактабҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистон дарс гуфтаанд.
https://sputnik.tj/20210825/putin-rusiya-tojikiston-zaboni-rusi-naqshaho-1041883554.html
https://sputnik.tj/20210602/putin-omuzishi-zabon-rusi-tojikiston-dastur-1039912089.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/11/1040276089_243:0:2974:2048_1920x0_80_0_0_2b537bf348c99b46f1869a9432cde128.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хуҷанд, донишҷӯ, владимир путин, суол
тоҷикистон, хуҷанд, донишҷӯ, владимир путин, суол
Донишҷӯи тоҷике, ки ба мулоқоти Путин роҳ ёфт, сокини Хуҷанд будааст
Владимир Путин, дирӯз ҷаласаи Шӯрои давлатӣ оид ба соҳаи маорифро баргузор намуд. Қабл аз баргузории иҷлосия Президенти Русия бо омӯзгорону донишҷӯён видеоконфронс барпо кард ва дар он Абдуллохуҷа Бобоев, донишҷӯ аз Тоҷикистон низ роҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Абдуллохуҷа Бобоев, сокини шаҳри Хуҷанд буда, соли ҷорӣ мактаби хусусии “Амид” и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро хатм намуда, ба факултаи тиббии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия дар шаҳри Маскав дохил шудааст.
Дилбар Бобоева, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон, чи гуна роҳ ёфтани донишҷӯи тоҷик ба мулоқоти Президенти Русияро шарҳ дод.
“Аз шунидани хабари ин, ки дастпарвари мактаби ноҳия дар мулоқоти раисиҷумҳури Русия иштирок намудааст, хеле хурсанд шудем. Абдулохуҷа Бобоев тавассути машвараи устодони Донишгоҳи дӯстии халқҳои Маскав ба видеоконфронси Президент Путин роҳ ёфтааст”, - гуфт мудири маориф.
Донишҷӯи тоҷик дар суҳбат ба Президент барои барпо намудани чунин мулоқот сипосгузорӣ намуда ва гуфтааст, ки барои бо муваффақ гузаштан аз имтиҳони донишгоҳ саҳми устодонаш ба вижа омӯзгороне, ки тибқи барномаи давлатӣ аз Русия ба Тоҷикистон рафта аз фанҳои гуногун дарс омӯзонидаанд назаррас аст.
Путин дар суҳбат бо донишҷӯи тоҷик гуфтааст, ки кишвари Тоҷикистон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ махсусан забони русӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва дар ин ҷабҳа ӯ аз мусоидати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки то ин вақт корҳои хубе ба иҷро расонида шудааст.
“Қариб ҳамеша аз ҷониби ӯ, масъалаи кӯмаки Русия ба Тоҷикистон дар мавриди рушди забони русӣ ба миён гузошта мешавад. Мо ҳатто нақшаҳои мушаххасеро дар ин замина илова ба оне, ки то имрӯз анҷом шудааст, дорем”, - гуфтааст Путин дар сӯҳбат бо донишҷӯи тоҷик.
Чанде қабл Қодирзода Диловар, муовини аввали вазири маорифи Тоҷикистон, ки дар оғози маъракаи имтиҳонсупорӣ дар Хуҷанд иштирок дошт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар заминаи ҳамкориҳои дуҷонибаи стратегӣ бо кишвари Русия, соҳаи маориф дар мадди аввал қарор дорад.
“Бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон ва Русия шумораи бурсияҳо ё квотаи таҳсил дар донишгоҳҳои Русия барои Тоҷикистон зиёд шуда истодааст. Барои соли хониши 2021-2022, 630 квота ихтисос дода шудааст”, - гуфт муовини вазири маориф.
Қодирзода таъкид кард, ки таҳсил дар донишгоҳҳои Русия ба рушди ҷаҳонбинии донишҷӯёни тоҷик мусоидат мекунад.
Ӯ гуфт, кишвари Тоҷикистон низ дар навбати худ 50 квота барои донишомӯзон ва муаллимони Русия ҷудо намудааст.
Бино ба иттилои расмӣ алҳол кам ё беш аз 24 ҳазор нафар тоҷикистониён дар макотиб ва донишгоҳои олии кишвари Русия таҳсил мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон то сентябри соли 2022 сохтмони 5 мактаби русӣ ба анҷом расонида шавад, ки ҳар яки онҳо метавонанд то 1200 хонандаро қабул намояд.
Муассисаҳои таълимӣ дар панҷ шаҳр: Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода сохта мешаванд. Мудири маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, соли хониши 2021-2022 шумори омӯзгорон аз Русия, ки барои кор ба мактаби “Дурахшандагон” и ҷамоати Хистеварз ҷалб шудаанд ба 9 нафар афзудааст.
Соли қаблӣ 50 омӯзгори рус аз 18 минтақаи Русия дар мактабҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистон дарс гуфтаанд.