https://sputnik.tj/20210602/putin-omuzishi-zabon-rusi-tojikiston-dastur-1039912089.html
Дастури Путин барои ҷоннок кардани омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон: мӯҳлат то 15 июл
Дастури Путин барои ҷоннок кардани омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон: мӯҳлат то 15 июл
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин барои беҳтар ба роҳ монда шудани омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон дастур дод 02.06.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-06-02T14:50+0500
2021-06-02T14:50+0500
2023-02-08T19:47+0500
дар тоҷикистон
маориф
владимир путин
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/16/1039658839_0:0:3039:1710_1920x0_80_0_0_affb22c34db5791adb9d1f7e471666d0.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Владимир Путин, Вазорати маорифи Русияро муваззаф намудааст, ки омӯзиши забони русиро дар Тоҷикистон ҷонноктар намоянд. Ӯ аз ҷумла аз роҳбарияти ин ниҳод талаб кард, ки дар ин самт пешниҳодҳои нав таҳия намояд.Зимнан, раисиҷумҳури Русия дастур дод, ки пешниҳодҳои нав бояд то рӯзи 15 июл таҳия шаванд.Зикр мегардад, ки масъулияти асосӣ ба дӯши Сергей Кравтсов вогузор шудааст.Қаблан, вазири маорифи Федератсияи Русия Сергей Кравтсов бо Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода сӯҳбат телефонӣ анҷом дод. Ҷонибҳо таълими забони русиро дар ҷумҳурӣ баррасӣ кардаву дар бораи сафари Кравтсов ба Тоҷикистон дар моҳи июн ба мувофиқа расида буданд.Гуфта мешавад, муколама дар доираи татбиқи дастурҳои Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин сурат гирифтааст, ки вазирро даъват намудааст, ки ба рушду дастгирии омӯзиши забони русӣ дар кишварҳои ИДМ таваҷҷӯҳ зоҳир кунад. Ёдовар мешавем, ки Владимир Путин дастгирии омӯзиши забони русӣ дар кишварҳои хориҷи наздикро нокифоя хонд.Ҳоло Русия азм дорад дар Тоҷикистон 5 макотиби русизабонро бунёд кунад. Ин мактабҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода мохта мешаванд.
https://sputnik.tj/20210515/vaziron-rusiya-tojikiston-talim-zaboni-rusiro-1039464170.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/16/1039658839_58:0:2789:2048_1920x0_80_0_0_15ea9743b5ab0ef20806bd70f5d4518c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, тоҷикистон, забони русӣ, дастур
русия, тоҷикистон, забони русӣ, дастур
Дастури Путин барои ҷоннок кардани омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон: мӯҳлат то 15 июл
14:50 02.06.2021 (Навсозишуда: 19:47 08.02.2023) Раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин барои беҳтар ба роҳ монда шудани омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон дастур дод
ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Владимир Путин, Вазорати маорифи Русияро муваззаф намудааст, ки омӯзиши забони русиро дар Тоҷикистон ҷонноктар намоянд. Ӯ аз ҷумла аз роҳбарияти ин ниҳод талаб кард, ки дар ин самт пешниҳодҳои нав таҳия намояд.
Зимнан, раисиҷумҳури Русия дастур дод, ки пешниҳодҳои нав бояд то рӯзи 15 июл таҳия шаванд.
"Вазорати маорифи Федератсияи Русия пешниҳодҳо оид ба чораҳои иловагии дастгирии омӯзиши забони русиро дар хориҷа, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Мӯҳлат то 15 июли соли 2021 дода мешавад", - гуфта мешавад дар ҳуҷҷате, ки Кремл онро нашр намудааст.
Зикр мегардад, ки масъулияти асосӣ ба дӯши Сергей Кравтсов вогузор шудааст.
Қаблан, вазири маорифи Федератсияи Русия Сергей Кравтсов бо Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода сӯҳбат телефонӣ анҷом дод. Ҷонибҳо таълими забони русиро дар ҷумҳурӣ баррасӣ кардаву дар бораи сафари Кравтсов ба Тоҷикистон дар моҳи июн ба мувофиқа расида буданд.
Гуфта мешавад, муколама дар доираи татбиқи дастурҳои Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин сурат гирифтааст, ки вазирро даъват намудааст, ки ба рушду дастгирии омӯзиши забони русӣ дар кишварҳои ИДМ таваҷҷӯҳ зоҳир кунад.
Ёдовар мешавем, ки Владимир Путин дастгирии омӯзиши забони русӣ дар кишварҳои хориҷи наздикро нокифоя хонд.
Ҳоло Русия азм дорад дар Тоҷикистон 5 макотиби русизабонро бунёд кунад. Ин мактабҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода мохта мешаванд.