Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

42 - сола ва падари 4 фарзанд: даргузашти Мушарраф аз коронавирус дар Душанбе

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина молится на кладбище
Мужчина молится на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Обуна шудан
Марҳум муддатҳо дар Лаҳистон кору зиндагӣ мекард. Наздики як моҳ пеш ба ватан баргашт, аммо дардманди коронавирус шуда, ҷон аз даст дод
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Дар Душанбе фарзанди рӯзноманигори номӣ Ҳоҷӣ Ёсини Назар дар синни ҳамагӣ 42 сол даргузашт.
Манобеи мӯътамад дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Мушаррафи Ёсин гирифтори коронавирус буд ва иллати марги ӯ низ маҳз ҳамин маризист.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки Мушарраф хатмкардаи яке аз донишгоҳҳои Миср буда, муддати се соли ахир дар Лаҳистон кору зиндагӣ мекард.
Городская клиническая инфекционная больница в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
820 фавт давоми як рӯз: даҳшати коронавирус дар Русия
Аз ин пеш дар Душанбе ӯ ба ҳайси ҳуқуқшиноси Китобхонаи милли Тоҷикистон фаъолият карда буд.
Ба хабари манбаъ, Мушарраф дар Душанбе гирифтори ин дард шуд ва нахуст дар хона табобат мегирифту чун вазъияташ вахим гардид, ба Бемористони касалиҳои сироятӣ интиқол ёфт.
"Пас аз чанд рӯзи мубориза бо коронавирус рӯзи 26 август ҷонро ба Ҷонофарин таслим кард", - афзуд манбаъ.
Гуфта мешавад, марҳум оиладор ва соҳиби 4 фарзанд буд.
Даргузашти ин ҷавон дар ҳолест, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз 16 август ба ин сӯ ягон мавриди фавт аз коронавирусро дар мамлакат тасдиқ накардааст.
Ба иттилои вазорат аз авоили моҳи август то ҳол, аз ин беморӣ дасти кам се нафар ҷон аз даст додаанд. Вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабару гузоришҳо аз даргузашти одамон аз бемории коронавирус зиёд нашр мешавад.
Лентаи хабарҳо
0