Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

820 фавт давоми як рӯз: даҳшати коронавирус дар Русия

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкГородская клиническая инфекционная больница в Казахстане
Городская клиническая инфекционная больница в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Обуна шудан
Ҳарчанд мавориди сироятшавӣ ба ин беморӣ рӯ ба коҳиш ниҳодааст, вале ҳолатҳо фавт ҳамоно зиёд буда, шабонарӯзи гузашта ба ҳадди рекордӣ расидааст
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Русия дасти кам 820 маризи коронавирус ҷон аз даст доданд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Ситоди фаврии мубориза алайҳи ин беморӣ.
Мавориди фавт аз ин дард моҳи ҷорӣ якбора афзоиш ёфт. Ҳанӯз рӯзи 14 август дар 24 соат 819 нафар ва як рӯз қабл фавти 809 нафар ба қайд гирифта шуд.
Медсестра в инфекционной клинической больнице №2 Департамента здравоохранения города Москвы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Тавсияи пизишк: пас аз COVID - 19 муоинаи гурда ҳатмист
Дар ҳамин ҳол, мавридҳои гирифторӣ ба фарқ аз ҳафтаҳои гузашта коҳиш ёфта ба 19 630 нафар баробар шудааст.
Шумораи умумии дардмандони вируси COVID - 19 ба 6 824 540 нафар расидааст. Зимнан, теъдоди қурбониёни коронавирус ба 179 243 нафар баробар аст. Ҳамзамон аз авоили хуруҷи беморӣ дар Русия дасти кам 6 092 818 нафар комилан шифо ёфтанд.
Манбаъ меафзояд, феълан дар Русия 552 479 нафар беморони коронавирус ба табобат фаро гирифта шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0