https://sputnik.tj/20210824/vazir-pokiston-dushanbe-davat-dorad-1041848125.html
Вазири Покистон ба Душанбе меояд: Ӯ даъват ба музокира бо Толибон* дорад
Вазири Покистон ба Душанбе меояд: Ӯ даъват ба музокира бо Толибон* дорад
Sputnik Тоҷикистон
Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон, ният дорад, барои барои баррасии вазъи Афғонистон ба Тоҷикистон ояд
2021-08-24T12:24+0500
2021-08-24T12:24+0500
2021-08-24T12:39+0500
сиёсат
амният ва мудофиа
покистон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/18/1041848384_0:0:2942:1656_1920x0_80_0_0_7b1044359e66a4b7e87dc6b359cf1400.jpg
ДУШАНБЕ, 24 авг – Sputnik. Давлати Покистон аз кишварҳои ҷаҳон хостааст, бо созмони Толибон*, ки дар Афғонистон ба қудрат расид, вориди музокирот шаванд, хабар додааст шабакаи Jeo TV.Ба иттилои манбаъ, нн нуктаро Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон, зимни суҳбаташ таъкид намудааст. Ӯ афзудааст, ки ояндаи наздик ният дорад барои баррасии вазъи Афғонистон ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон сафар намояд. Дар феҳрасти кишварҳои дигаре, ки Қурайшӣ нияти боздид аз онҳо ва баррасии вазъи Афғонистонро дорад, давлатҳои Эрон, Туркманистон ва Ӯзбекистон зикр шудаанд. Санаи мушаххаси ин боздидҳо зикр нашудааст. Вазири умури хориҷии Покистон азмашро барои мусоидат ба сулҳ дар Афғонистон таъкид карда, афзудааст, ки умедвор аст, кишварҳои дигари минтақа низ чунин иқдом хоҳанд кард. Ҷангҷӯёни Толибон* тайи ҳафтаҳои охир босуръат марзу марказҳои Афғонистонро ишғол намуда, 15 август вориди Кобул шуданд. Феълан ягона минтақаи берун аз тасаллути Толибон* Панҷшер мебошад, ки нерӯҳои зиддитолиб дар он ҷо ҷамъ омада, иддао доранд, ки дар сурати розӣ нашудани ҷангиёни Толибон* ба ташкили як ҳукумати ҳамашумул, онҳо то охир мубориза хоҳанд бурд. *- созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210824/masud-taslim-panjsher-rad-kard-1041846074.html
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/18/1041848384_211:0:2942:2048_1920x0_80_0_0_c7067f1ebde803ebbbc634cffbe402de.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маҳмуд қурайшӣ, вазири умури хориҷӣ, покистон, афғонистон, тоҷикистон, осиёи марказӣ
маҳмуд қурайшӣ, вазири умури хориҷӣ, покистон, афғонистон, тоҷикистон, осиёи марказӣ
Вазири Покистон ба Душанбе меояд: Ӯ даъват ба музокира бо Толибон* дорад
12:24 24.08.2021 (Навсозишуда: 12:39 24.08.2021) Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон, ният дорад, барои барои баррасии вазъи Афғонистон ба Тоҷикистон ояд
ДУШАНБЕ, 24 авг – Sputnik. Давлати Покистон аз кишварҳои ҷаҳон хостааст, бо созмони Толибон*, ки дар Афғонистон ба қудрат расид, вориди музокирот шаванд, хабар додааст шабакаи Jeo TV.
Ба иттилои манбаъ, нн нуктаро Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон, зимни суҳбаташ таъкид намудааст.
"Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бо Толибон* дар Афғонистон дар тамос бошад", - изҳор доштааст Қурайшӣ.
Ӯ афзудааст, ки ояндаи наздик ният дорад барои баррасии вазъи Афғонистон ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон сафар намояд. Дар феҳрасти кишварҳои дигаре, ки Қурайшӣ нияти боздид аз онҳо ва баррасии вазъи Афғонистонро дорад, давлатҳои Эрон, Туркманистон ва Ӯзбекистон зикр шудаанд. Санаи мушаххаси ин боздидҳо зикр нашудааст.
Вазири умури хориҷии Покистон азмашро барои мусоидат ба сулҳ дар Афғонистон таъкид карда, афзудааст, ки умедвор аст, кишварҳои дигари минтақа низ чунин иқдом хоҳанд кард.
Ҷангҷӯёни Толибон* тайи ҳафтаҳои охир босуръат марзу марказҳои Афғонистонро ишғол намуда, 15 август вориди Кобул шуданд. Феълан ягона минтақаи берун аз тасаллути Толибон* Панҷшер мебошад, ки нерӯҳои зиддитолиб дар он ҷо ҷамъ омада, иддао доранд, ки дар сурати розӣ нашудани ҷангиёни Толибон* ба ташкили як ҳукумати ҳамашумул, онҳо то охир мубориза хоҳанд бурд.
*- созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар