Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Аҳмад Масъуд хабари таслим шудани Панҷшерро рад кард

© AFP 2023 / JOEL SAGETАхмад Масуд, сын покойного афганского полководца Ахмад Шаха Масуда
Ахмад Масуд, сын покойного афганского полководца Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Обуна шудан
Расонаҳо хабар доданд, ки бинобар набуди дастгирии байналмилалӣ, Аҳмад Масъуд ягона вилояти озод аз Толибон*-Панҷшерро таслим мекунад
ДУШАНБЕ, 24 авг - Sputnik. Роҳбари муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд маълумоти Telegraph - ро дар бораи нақшаи таслим кардани Панҷшер, рад кард.
Ба навиштаи рӯзнома, Масъуд гӯё барои имзои созишнома бо Толибон* омода шудааст. Ва ин созишнома дар бораи таслим кардани ягона минтақаи озод аз Толибон* вилояти Панҷшери Афғонистон, аст.
Тибқи гузоришҳо, писари қаҳрамони миллии Афғонистон - Аҳмадшоҳи Масъуд бинобар набудани дастгирии байналмилалӣ омода аст, ки охирин қалъаро таслим кунад.
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле. Талибы (террористическая организация, запрещена в России) взяли под свой контроль Кабул, столицу Афганистана. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Дувоздаҳ кишвардор: Афғонистонро киҳо раҳбарӣ хоҳанд кард - оё Масъуд ҳам ҳаст?
Аммо, ба гуфти хабарнигори Iran International Тоҷиддин Сурош, ки бо истинод ба манобеи ҳалқаи наздикони раҳбари Панҷшер хабар додааст, дар бораи ин гуна нақшаҳо баҳс нашудааст.
Пештар хабар дода шуд, ки Аҳмад Масъуд бо раҳбари баландпояи Толибон* ва собиқ вазири фарҳанги Афғонистон Амирхон Муттақӣ телефонӣ сӯҳбат кардааст.
Намояндаи Толибон* аз раҳбари ҷавон хостааст, ки силоҳро гузошта ва сари мизи музокира нишинад. Вай изҳор намудааст, ки чанг бо Толибон* маъно надорад.
Ахмад Масъуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2021
“Шумо моро мешиносед”: Аҳмад Масъуд ба раҳбари Толибон* чӣ гуфт?
Аммо Масъуд дар посух гуфтааст, ки зердастонаш хуб муҷаҳҳаз шудаанд ва "рӯҳияи қавии ҷангӣ доранд". Аҳмад Масъуд таъкид кард: "Мо на барои Панҷшер, балки барои Афғонистони озод, барои эътиқод ва арзишҳои худ мубориза хоҳем бурд".
Аҳмад Масъуд хабари гурехтанашро рад кард: дар канори мардуми худ мемонам - видео
Бояд гуфт, Панҷшер ягона манотиқе боқӣ монда, ки зери назорати Толибон* нест. Ин минтақаи тоҷикнишине ҳаст, ки боре ҳам аз Толибон* мағлуб нашудааст.
Панҷшер дар замони муқовимати аввал алайҳи Толибон* (1996-2001) маркази асосии нерӯҳои Ҷабҳаи Муттаҳид таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд ба шумор мерафт. Маҳз дар ин вилоят марокизи асосии низомӣ ва истихборотии ҷабҳа ҷойгир буданд.
Ҳамлаи печидаи Кобул: ҳадаф Бисмиллоҳ буд, Муҳсинӣ ё Аҳмад Масъуд?
Тамоми амалиётҳо аз теппаи Сарича, ҷое, ки фармондеҳи муқовимат ҳоло ба хоби абад рафтааст, идора мешуд.
Панҷшер вилояте дар шарқи Афғонистон аст, ки масоҳат ва нуфуси кам дорад, аммо дар ҷангҳои Афғонистон аҳамияти стратегӣ дошт. Қаламраваш 3 ҳазору 771٫6 километр мураббаъ ва нуфусаш ҳудуди 300 ҳазор нафар аст. 7 вулусволӣ дорад. Дар ҳоли ҳозир Панҷшер танҳо вилоятест, ки пои Толибон* ба қаламрави он нарасидааст.
* - ҳаракати радикалӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнуъ аст
Лентаи хабарҳо
0