https://sputnik.tj/20210823/zhirinovskiy-afghoniston-pokiston-1041836383.html
Жириновский пайвастшавии Афғонистонро бо Покистон пешбинӣ мекунад
Жириновский пайвастшавии Афғонистонро бо Покистон пешбинӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ба қавли вай, ҳамчунин авзоъ дар минтақа бо далели вазъ дар Афғонистон муташанниҷ мешавад 23.08.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-08-23T16:27+0500
2021-08-23T16:27+0500
2021-08-23T16:27+0500
афғонистон
владимир жириновский
вазъ
пешбинӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041761024_0:39:3073:1767_1920x0_80_0_0_424e7184056ce127d93a9ea0a1b6cbe7.jpg
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Вакили рус, роҳбари ҳизби Либераливу демократии Русия Владимир Жириновский дар саҳифааш дар Телеграм вазъи сиёсии Осиёи Марказиро то соли 2030 пешбинӣ кардааст.Сиёсатмадор гуфтааст, ки бо далели ғасби ҳукумат аз ҷониби толибон (ҳаракати экстремистии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) ва бесуботии давлатӣ Афғонистон бо Покистон мепайвандад. Жириновский таъкид кардааст, ки зиёдшавии шумораи гурезаҳо ҷанги шаҳрвандиро ба тамоми ҳудуди Осиёи Марказӣ мекашонад."Он ҷо боз гурезаҳо пайдо мешаванд, ки ба шимол ҳаракат мекунанд. Аммо Русия касеро ба ҳудудаш ва на тариқи ҳудудаш ба Ғарб, ба Аврупо роҳ намедиҳад", - изҳор доштааст вакил.Сиёсатмадор афзудааст, ки аз ҳисоби гурезаҳо ва ҷанги шаҳрвандӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2030 дар шароити қашшоқӣ қарор мегиранд ва аз Русия хоҳиш мекуннад, ки ҳудудашонро ба ҳайъати Русия шомил кунанд, то амнияташон таъмин шавад.Аммо, тавре қайд мекунад Жириновский, Русия мавқеи эҳтиёткоронаро хоҳад гирифт ва як қатор кишварҳоеро, ки бо далели пароканда шудани кишвари дигаре ташкил гардиданд, эътироф хоҳад намуд. Аммо ҳудудҳои навро ба ҳайъаташ бо далели маҷрои зиёди гурезаҳо ва иқтисодиёти фалаҷгашта қабул нахоҳад кард.
https://sputnik.tj/20210820/zhirinovskiy-payvastan-afghoniston-tojikiston-1041763595.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041761024_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_4425a88e3902b23c60c2a3b4ba912531.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, владимир жириновский, вазъ, пешбинӣ, дар русия
афғонистон, владимир жириновский, вазъ, пешбинӣ, дар русия
Жириновский пайвастшавии Афғонистонро бо Покистон пешбинӣ мекунад
Ба қавли вай, ҳамчунин авзоъ дар минтақа бо далели вазъ дар Афғонистон муташанниҷ мешавад
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Вакили рус, роҳбари ҳизби Либераливу демократии Русия Владимир Жириновский дар саҳифааш дар Телеграм вазъи сиёсии Осиёи Марказиро то соли 2030 пешбинӣ кардааст.
Сиёсатмадор гуфтааст, ки бо далели ғасби ҳукумат аз ҷониби толибон (ҳаракати экстремистии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) ва бесуботии давлатӣ Афғонистон бо Покистон мепайвандад.
Жириновский таъкид кардааст, ки зиёдшавии шумораи гурезаҳо ҷанги шаҳрвандиро ба тамоми ҳудуди Осиёи Марказӣ мекашонад.
"Он ҷо боз гурезаҳо пайдо мешаванд, ки ба шимол ҳаракат мекунанд. Аммо Русия касеро ба ҳудудаш ва на тариқи ҳудудаш ба Ғарб, ба Аврупо роҳ намедиҳад", - изҳор доштааст вакил.
Сиёсатмадор афзудааст, ки аз ҳисоби гурезаҳо ва ҷанги шаҳрвандӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2030 дар шароити қашшоқӣ қарор мегиранд ва аз Русия хоҳиш мекуннад, ки ҳудудашонро ба ҳайъати Русия шомил кунанд, то амнияташон таъмин шавад.
Аммо, тавре қайд мекунад Жириновский, Русия мавқеи эҳтиёткоронаро хоҳад гирифт ва як қатор кишварҳоеро, ки бо далели пароканда шудани кишвари дигаре ташкил гардиданд, эътироф хоҳад намуд. Аммо ҳудудҳои навро ба ҳайъаташ бо далели маҷрои зиёди гурезаҳо ва иқтисодиёти фалаҷгашта қабул нахоҳад кард.