https://sputnik.tj/20210823/vkd-tojikiston-sadama-purqurboni-1041833290.html
ВКД – и Тоҷикистон аз садамаи пурқурбонӣ хабар дод
ВКД – и Тоҷикистон аз садамаи пурқурбонӣ хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохила аз ҳалокати се нафар дар як садами нақлиётӣ, ки дар ноҳияи Қубодиён рух додааст, хабар дод
2021-08-23T14:35+0500
2021-08-23T14:35+0500
2021-08-23T14:36+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вкд
садама
қубодиён
пурқурбонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102303/68/1023036857_0:84:1920:1164_1920x0_80_0_0_fd436739b87b48e5185e3e556ab708aa.jpg
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, садамаи маргбор санаи 20-уми августи соли равон дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Т.Сангини ноҳияи Қубодиён рух додааст.Гуфта шудааст, ки дар натиҷаи ин садамаи нақлиёти се шаҳрванд ба ҳалокат расидааст.“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, як сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Т.Сангини ноҳияи мазкур, аз ӯҳдаи идора кардани автомашина набаромада, ба канори роҳ баромада, ба дарахт бархӯрдааст”, - иттилоъ додааст манбаъ.Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи ин садамаи даҳшатнок ронанда ва як мусофири мошин, ки ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта буданд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.ВКД илова кардааст, ки боз як мусофири дигар ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.Дар ҳоли ҳозир ба иттилои ВКД-и Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210822/chorshanbiev--sadama-aks-1041821936.html
қубодиён
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102303/68/1023036857_0:0:1920:1440_1920x0_80_0_0_c03207191a72126bfd60d140336d0e2a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вкд, садама, пурқурбонӣ, нақлиёт, қубодиён
тоҷикистон, вкд, садама, пурқурбонӣ, нақлиёт, қубодиён
ВКД – и Тоҷикистон аз садамаи пурқурбонӣ хабар дод
14:35 23.08.2021 (Навсозишуда: 14:36 23.08.2021) Вазорати корҳои дохила аз ҳалокати се нафар дар як садами нақлиётӣ, ки дар ноҳияи Қубодиён рух додааст, хабар дод
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, садамаи маргбор санаи 20-уми августи соли равон дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Т.Сангини ноҳияи Қубодиён рух додааст.
Гуфта шудааст, ки дар натиҷаи ин садамаи нақлиёти се шаҳрванд ба ҳалокат расидааст.
“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, як сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Т.Сангини ноҳияи мазкур, аз ӯҳдаи идора кардани автомашина набаромада, ба канори роҳ баромада, ба дарахт бархӯрдааст”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи ин садамаи даҳшатнок ронанда ва як мусофири мошин, ки ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта буданд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
ВКД илова кардааст, ки боз як мусофири дигар ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Дар ҳоли ҳозир ба иттилои ВКД-и Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.