https://sputnik.tj/20210822/chorshanbiev--sadama-aks-1041821936.html
Чоршанбиев дучори садама шудаст - аксҳо
Чоршанбиев дучори садама шудаст - аксҳо
Sputnik Тоҷикистон
Чоршанбе Чоршанбиев, размикори шинохта дар Русия дучори садамаи нақлиётӣ шудааст
2021-08-22T19:56+0500
2021-08-22T19:56+0500
2021-08-22T19:56+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
садама
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/04/1040634423_0:71:721:476_1920x0_80_0_0_4f29a3989918104b0d00b0afcd6f028b.jpg
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Садама бо мошини иҷорагирифта дар Қазон рух додааст, хабар додааст Kazanfirst.Ба иттилои манбаъ, варзишкор дар мошини иҷора ба сутуни канони роҳ дар кӯчаи Вахитов бархӯрдааст. Гуфта мешавад, ки ба ҳаракати мошини ҳомили варзишкор нақлиёти дигар халал расондааст, ки бо бархӯрд бо сутун анҷомидааст. Расмҳо аз ҷои ҳодисаро Чоршанбиев дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст, аммо тафсилоти садамаро ироа накардааст. Расман гуфта нашудааст, ки Чоршанбиев сари идораи мошин будааст ё хайр. Бар асоси аксҳо варзишкор осебе надидааст. Чоршанбе Чоршанбиев размикори бахши ҳунарҳои размии маъруф ба поп ММА мебошад, ки вақтҳои ба далели баҳсҳояш бо размикори дигари эронӣ, Муҳаммад Ҳайбатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд. Мунаққидон ё худ “хейтар”- ҳо мегӯянд, поп ММА бештар шоу ва масхарабозӣ аст, на варзиши касбӣ. Таъкид мекунанд, ки ҳамаи амалҳояшон ҳадафмонда ва барои ҷалби таваҷҷуҳ мебошад. Бо вуҷуд таваҷҷуҳи гуруҳи омма ба ин намуди варзиш ва махсусан муноқишаи Чоршанбиев ва Ҳайбатӣ зиёд арзёбӣ мегардад.Промоушени нав Pravda Fight Chempionship, ки арзи ҳастӣ кардаст, ба иттилои бархе расонаҳо бевосита бо иштироки Чоршанбиев ташкил гардидааст ва муҳорибаи Чоршанбею Ҳайбатӣ оғози хубе барои промоушен арзёбӣ мегардад.Бар асоси иттилоияи аввалия, муҳориба тирамоҳи соли равон дар назар буда, аз рӯи қоидаҳои ММА баргузор мегардад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/04/1040634423_0:3:721:543_1920x0_80_0_0_03e6ffbbf7204861a71d3be6c8fb1426.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чоршанбиев, размикор, шинохта, варзишкор
чоршанбиев, размикор, шинохта, варзишкор
Чоршанбиев дучори садама шудаст - аксҳо
Чоршанбе Чоршанбиев, размикори шинохта дар Русия дучори садамаи нақлиётӣ шудааст, навиштаанд расонаҳои Тотористон
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Садама бо мошини иҷорагирифта дар Қазон рух додааст, хабар додааст Kazanfirst.
Ба иттилои манбаъ, варзишкор дар мошини иҷора ба сутуни канони роҳ дар кӯчаи Вахитов бархӯрдааст. Гуфта мешавад, ки ба ҳаракати мошини ҳомили варзишкор нақлиёти дигар халал расондааст, ки бо бархӯрд бо сутун анҷомидааст.
Расмҳо аз ҷои ҳодисаро Чоршанбиев дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст, аммо тафсилоти садамаро ироа накардааст. Расман гуфта нашудааст, ки Чоршанбиев сари идораи мошин будааст ё хайр. Бар асоси аксҳо варзишкор осебе надидааст.
Чоршанбе Чоршанбиев размикори бахши ҳунарҳои размии маъруф ба поп ММА мебошад, ки вақтҳои ба далели баҳсҳояш бо размикори дигари эронӣ, Муҳаммад Ҳайбатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд.
Мунаққидон ё худ “хейтар”- ҳо мегӯянд, поп ММА бештар шоу ва масхарабозӣ аст, на варзиши касбӣ. Таъкид мекунанд, ки ҳамаи амалҳояшон ҳадафмонда ва барои ҷалби таваҷҷуҳ мебошад. Бо вуҷуд таваҷҷуҳи гуруҳи омма ба ин намуди варзиш ва махсусан муноқишаи Чоршанбиев ва Ҳайбатӣ зиёд арзёбӣ мегардад.
Промоушени нав Pravda Fight Chempionship, ки арзи ҳастӣ кардаст, ба иттилои бархе расонаҳо бевосита бо иштироки Чоршанбиев ташкил гардидааст ва муҳорибаи Чоршанбею Ҳайбатӣ оғози хубе барои промоушен арзёбӣ мегардад.
Бар асоси иттилоияи аввалия, муҳориба тирамоҳи соли равон дар назар буда, аз рӯи қоидаҳои ММА баргузор мегардад.