https://sputnik.tj/20210823/tahdid-tolibon-ima-avgust-naovardani-neru-1041840759.html
Таҳдиди Толибон* ба ИМА дар сурати то охири август берун наовардани нерӯҳояш
Таҳдиди Толибон* ба ИМА дар сурати то охири август берун наовардани нерӯҳояш
Sputnik Тоҷикистон
Толибон* ба таҳдид карданд, ки агар ИМА то охири август нерӯҳояшонро хориҷ накунад, алайҳашон иқдом, аз ҷумла низомӣ роҳандозӣ хоҳанд кард
2021-08-23T19:45+0500
2021-08-23T19:45+0500
2021-08-23T19:45+0500
има
афғонистон
толибон
панҷшер
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101380/68/1013806865_0:0:1601:901_1920x0_80_0_0_3562d1708c239f58a2ce6d6e9e70622c.jpg
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Толибон* ба Вашингтон таҳдид кард, ки дар сурати нақзи муҳлати хориҷ кардани нерӯҳо алайҳашон чораандешӣ хоҳанд кард, изҳор доштааст сухангӯи ин ҳаракат, Суҳайл Шоҳин, дар суҳбат бо РИА Новости. Ӯ афзудааст, ки нақзи муҳлати берун овардани нерӯҳо, вокунишҳо дар тамоми шаклҳо, аз ҷумла дар шеваи низомиро дар пай дорад. Суҳайл Шоҳин тавзеҳ дод, ки агар ИМА бори дигар берун овардани нерӯҳояшро мутаваққиф кунад, Толибон* ин амалашонро ҳамчун ғасби қаламрави кишвар арзёбӣ хоҳанд кард. Ҷангиёни Толибон* дар пайи оғози берун овардани нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон босуръат қаламрави ин кишварро ғасб карда, 15 август вориди Кобул шуданд. Раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ тарки кишвар карду ноиби аввалаш Амруллоҳ Солеҳ дар Панҷшер, ягона музофоти берун аз тасаллути Толибон* худро роҳбари муваққатии давлат эълон карда, ба нерӯҳои муқовимат пайваст. *-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210823/habarho-panjsher-dushanbe-siloh-muhosira-1041840189.html
има
афғонистон
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101380/68/1013806865_0:0:1417:1063_1920x0_80_0_0_9e69cc8fae9aa189f38ff6bceb02703b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, таҳдид, има, август
толибон, таҳдид, има, август
Таҳдиди Толибон* ба ИМА дар сурати то охири август берун наовардани нерӯҳояш
Толибон* таҳдид карданд, ки агар ИМА то охири август нерӯҳояшонро хориҷ накунад, алайҳашон иқдом, аз ҷумла чораҳои низомӣ роҳандозӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Толибон* ба Вашингтон таҳдид кард, ки дар сурати нақзи муҳлати хориҷ кардани нерӯҳо алайҳашон чораандешӣ хоҳанд кард, изҳор доштааст сухангӯи ин ҳаракат, Суҳайл Шоҳин, дар суҳбат бо РИА Новости.
Ӯ афзудааст, ки нақзи муҳлати берун овардани нерӯҳо, вокунишҳо дар тамоми шаклҳо, аз ҷумла дар шеваи низомиро дар пай дорад.
Суҳайл Шоҳин тавзеҳ дод, ки агар ИМА бори дигар берун овардани нерӯҳояшро мутаваққиф кунад, Толибон* ин амалашонро ҳамчун ғасби қаламрави кишвар арзёбӣ хоҳанд кард.
"Ҳама медонанд, ки агар ғасби қаламрави давлат ҷой дошта бошад, ҳатман вокуниш дар пай дорад", - таъкид намудаст Шоҳин.
Ҷангиёни Толибон* дар пайи оғози берун овардани нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон босуръат қаламрави ин кишварро ғасб карда, 15 август вориди Кобул шуданд. Раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ тарки кишвар карду ноиби аввалаш Амруллоҳ Солеҳ дар Панҷшер, ягона музофоти берун аз тасаллути Толибон* худро роҳбари муваққатии давлат эълон карда, ба нерӯҳои муқовимат пайваст.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар