Ҳудуди 12 ҳавопаймои афғонистонӣ дар фурудгоҳи Бохтар - видео

© AP / Rahmat GulСторона военного аэропорта Кабула, где припаркованы боевые караваны AC 208
Сторона военного аэропорта Кабула, где припаркованы боевые караваны AC 208 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2021
Обуна шудан
Дар фурудгоҳи шаҳри Бохтар ҳадди ақал 12 ҳавопаймои Cessna AC-208 Combat Caravan – и нерӯҳои ҳавоии Афғонистон қабул ва як ҳавопаймои иктишофии Pilatus PC-12NG қарор доранд
ДУШАНБЕ, 23 авг – Sputnik. Навори гуруҳи ҳавопаймоҳои нерӯҳои ҳавоии Афғонистон, ки дар истгоҳи фурудгоҳи Бохтар ҷой гирифтаанд, дар ҷамъбасти ҳафтаи барномаи “Вести” нашр карда шуданд. Тибқи ин гузориш дар ҳавопаймоҳо нишонаҳои нерӯҳои ҳавоии Афғонистон насб гардидаанд.
Cessna AC-208 Combat Caravan ҳавопаймоҳои нақлиётии сабукрав мебошанд, ки тавони ҷой додани то 13 нафарро доранд. Бо ин теъдоди ҳавопаймоҳои якмуҳаррика имкони интиқоли то 150 нафар мавҷуд буд.
Қаблан расонаҳо аз қавли мақомоти тоҷик паноҳ ёфтани беш аз 140 низомии фирории Афғонистонро дар Тоҷикистон тасдиқ карда, изҳор доштанд, ки онҳо дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ҷой дода шудаанд.
Қаблан расонаҳо аз фирори халабонҳою низомиён бо ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистону Ӯзбекистон хабар дода буданд, аммо дар мавриди теъдоди ҳавопаймоҳо иттилои мушаххасе ироа нагардида буд.
Силы Талибана в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2021
Дар Панҷшер чӣ гап аст? иддаои Толибону* изҳороти нерӯҳои муқовимат
Дар ҳамин ҳол Толибон* аз муҳосираи Панҷшер ва интиқоли ҷангҷӯёнаш аз Бадахшон, Тахор ва Бағлон ба марзи ягона музофоти берун аз тасаллути ин созмони террористӣ хабар доданд. Нерӯҳои муқовимат таҳти фармондеҳии Аҳмад Масъуд, Панҷшер ба мудофиа омода аст.
Қаблан шабакаи Herat Times бо такя ба Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои ҳукумати Ашраф Ғанӣ хабар дод, ки ба зери фармондеҳии Аҳмад Масъуд нерӯҳои ҳавоӣ – авиатсия гузашта истодааст. Дар мавриди он ки ин чигуна навъи авиатсия асту аз куҷо ба зери фармондеҳии Масъуд гузашта истодааст, иттилое ироа нагардидааст.
Лентаи хабарҳо
0