Дар Панҷшер чӣ гап аст? иддаои Толибону* изҳороти нерӯҳои муқовимат

© REUTERS \ STRINGERСилы Талибана в Кабуле, Афганистан
Силы Талибана в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2021
Обуна шудан
Толибон* аз муҳосираи Панҷшер ва интиқоли ҷангҷӯёнаш аз Бадахшон, Тахор ва Бағлон ба марзи ягона музофоти берун аз тасаллути ин созмони террористӣ хабар доданд
ДУШАНБЕ, 23 авг – Sputnik. Интиқоли ҳазорон ҷангҷӯи Толибон* аз музофотҳои шимолии таҳти назорати ҷангиён ба марзи Панҷшер оғоз шудааст, хабар дод Sputnik Афғонистон бо такя ба Herat Times.
Нерӯҳои муқовимат эълон доштанд, ки гузаргоҳи калидиро дар ағбаи Соланг зери назорат гирифта, пули До - Шоҳро таркондаанду ҳаракати Толибонро* боздоштанд. Гуфта мешавад, ки таҳти фармондеҳии Аҳмад Масъуд Панҷшер ба мудофиа омода аст.
Бар асоси навиштаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамлаи Толибон* дар қисмати ҷанубии Соланг низ пас гардонда шуд.
Бывший президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2021
Толибон* ба Ғанӣ ва Солеҳ афв пешниҳод кард: онҳо мегӯянд, Панҷшер дар муҳосира аст
Дар ҳамин ҳол Забиҳулло Муҷоҳид, масъули Толибон* изҳор доштааст, ки нерӯи калони ин созмон аз Тахор, Бадахшон ва Андароб дар роҳ ба Панҷшеранд ва ҳеч муқовиматеро дучор наомадаанд. Бархе аз манобеи толибонӣ инчунин изҳор доштаанд, ки ду посгоҳро ба назорат даровардаанд, аммо мушаххас гуфта нашудааст, кадом посгоҳу аз кадом тараф, навиштааст шабакаи телеграми Sputnik Афғонистон ва таъкид намудааст, ки ин иттилоъ тасдиқ нашудааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе аз корбарон бо такя ба мақомоти маҳаллии Бағлон изҳор доштаанд, ки ҷангиёни Толибон* интиқоми садҳо ҷангии кушташудаашон дар Андаробро аз сокинони маҳаллӣ гирифта истодаанд ва бархе хонаҳоро дар Пули Хумрӣ низ ғорат кардаанд.
Президент РФ В. Путин провел сессию Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2021
Шаби ноороми Афғонистону ҷаласаи ғайринавбатии Раҳмон бо Путин, Лукашенко, Тоқаеву Пашинян
Дар ҳамин ҳол расман Толибон* бо тасдиқи таҷаммӯи ҷангиёнашон дар атрофи Панҷшер изҳор медоранд, ки хоҳони ҳалли қазия тариқи гуфтушунид мебошанд.
Аҳмади Масъуд эълон кард, ки тарафдори бинои як Афғонистон озод, мустақил аз тариқи гуфтугӯ ва тафоҳум, аммо Толибон* пешниҳодҳои муқовиматро рад мекунанд.
"Аммо агар масъалаи зӯр ва ҷанг бошад, шумо моро мешиносед. Ман писари ҳамон падар ҳастам, ки барои дифоъ аз сарзамин ва мардум то сарҳади фидо кардани ҷонаш пеш рафт", - изҳор доштааст Масъуд.
Феълан вазъ дар минтақа ташвишзо боқӣ монда, аз наздикиҳои Панҷшер иттилои зиддунақиз дар шабакаҳо ва расонаҳо нашр мегарданд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0