https://sputnik.tj/20210823/darguzasht-sobiq-vaziri-kishovarzii-tojikiston-1041832742.html
Даргузашти собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон
Даргузашти собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Мӯсо Баротов, собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон дар синни 78-солагӣ даргузашт 23.08.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-08-23T14:45+0500
2021-08-23T14:45+0500
2021-08-23T14:45+0500
дар тоҷикистон
кишоварзӣ
вазир
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0d/1039422422_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_cec0224da7871bbb74d27af4d1afc37c.jpg
ДУШАНБЕ, 23 авг – Sputnik. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, 23 август риштаи умри Баротов Мӯсо канда шуд. Роҳбарият ва кормандони Вазорати кишоварзӣ ба пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ карда, сабри ҷамил хостаанд. Иллати марги Баротов зикр нашудааст. Ба иттилои ин ниҳод, Баротов дар солҳои душвортарин - аз 1993 то 2000 -ум Вазорати кишоварзӣ ва бахши кишоварзии Ҳукумат Тоҷикистонро роҳбарӣ намуда, дар он замон онро аз бӯҳрон наҷот дода буд. Мӯсо Баротов соли 1943 дар шаҳри Истаравшан дар оилаи деҳқон таваллуд шуда, соли 1966 факултаи агрономии Донишкадаи аграрии Тоҷикистон ва солҳои 1980-1982 Академияи илмҳои ҷамъиятии шаҳри Москваро хатм кардааст. Вазорат мегӯяд, Баротов дар соҳаи кишоварзӣ аз агрономи одӣ то мақоми вазирӣ фаъолият дошт. Ба иттилои Вазорат, хизматҳои Баротов Мӯсоро Ҳукумат қадрдонӣ карда, бо ду ордени Нишони фахрӣ, ордени "Дӯстии халқҳо", ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медал "Барои меҳнати шуҷоатнок" ва бо унвони фахрии "Корманди шоистаи кишоварзии Тоҷикистон" сарфароз гардонидааст.Масъулини Вазорати кишоварзӣ таъкид намудаанд, ки таҷрибаи кории Баротов намунаи ибрату омӯзиш барои ояндагон мебошад ва дуо кардаанд, ки охирати марҳум ободу ҷояш ҷаннат боошад.
https://sputnik.tj/20210822/darguzashti-pizishk-pastor-begaliev-tojik-1041819214.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0d/1039422422_193:0:2860:2000_1920x0_80_0_0_9d6c39070e6440c8093a91ba1b2266bb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, кишоварзӣ, вазир, даргузашт
дар тоҷикистон, кишоварзӣ, вазир, даргузашт
Даргузашти собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон
Мӯсо Баротов, собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон дар синни 78-солагӣ даргузашт
ДУШАНБЕ, 23 авг – Sputnik. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, 23 август риштаи умри Баротов Мӯсо канда шуд. Роҳбарият ва кормандони Вазорати кишоварзӣ ба пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ карда, сабри ҷамил хостаанд. Иллати марги Баротов зикр нашудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, Баротов дар солҳои душвортарин - аз 1993 то 2000 -ум Вазорати кишоварзӣ ва бахши кишоварзии Ҳукумат Тоҷикистонро роҳбарӣ намуда, дар он замон онро аз бӯҳрон наҷот дода буд.
Мӯсо Баротов соли 1943 дар шаҳри Истаравшан дар оилаи деҳқон таваллуд шуда, соли 1966 факултаи агрономии Донишкадаи аграрии Тоҷикистон ва солҳои 1980-1982 Академияи илмҳои ҷамъиятии шаҳри Москваро хатм кардааст.
Вазорат мегӯяд, Баротов дар соҳаи кишоварзӣ аз агрономи одӣ то мақоми вазирӣ фаъолият дошт.
Ба иттилои Вазорат, хизматҳои Баротов Мӯсоро Ҳукумат қадрдонӣ карда, бо ду ордени Нишони фахрӣ, ордени "Дӯстии халқҳо", ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медал "Барои меҳнати шуҷоатнок" ва бо унвони фахрии "Корманди шоистаи кишоварзии Тоҷикистон" сарфароз гардонидааст.
Масъулини Вазорати кишоварзӣ таъкид намудаанд, ки таҷрибаи кории Баротов намунаи ибрату омӯзиш барои ояндагон мебошад ва дуо кардаанд, ки охирати марҳум ободу ҷояш ҷаннат боошад.