Даргузашти пизишк - пастор Бегалиев, падари овозхони ҷавону шинохтаи тоҷик - акс

© саҳифаи фейсбукии Рустам БегалиевРустам Бегалиев
Рустам Бегалиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2021
Обуна шудан
Хонаводаи Даниел Рустамови 26-сола, овозхони шинохтаи Тоҷикистон мотам дорад
ДУШАНБЕ, 22 авг – Sputnik. Рустам Бегалиев, пизишк ва пастор, ки дар қаламрави Осиёи Марказӣ фаъолият дошт, дар синни 52-солагӣ даргузашт.
Дар бораи даргузашти Рустам Бегалиев, писараш Даниел Рустамов дар саҳифаи фейсбукияш хаар додааст. Иллати даргузашти Бегалиев зикр нашудааст.
Рустам Бегалиев зодаи соли 1969 буда, соли 1994 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм намудааст. Ӯ дар зиндагӣ роҳи пасторӣ интихоб намуда, дар Афғонистону Тоҷикистон фаъолият доштаасту чандин муассисаи таълимӣ бунёд кардааст.
Овозхон навиштааст, ки падараш феълан бо Худои худ пайваст. Ба навиштаи Даниел, падараш барои ӯ ҳамеша мисоли ибрат буда, ҳеч гоҳ насиҳатҳояшро фаромӯш нахоҳад кард.
Рустамов падарро ифтихори худ хонда, қавл додааст, ки барои амалӣ кардани орзуҳояш талош хоҳад кард.
Ин хонавода баъди ҳунарнамоии Даниел Рустамов дар озмунҳои байналмилалии мусиқӣ дар телевизионҳои Русия ва Украина шинохта шуд.
Даниел дар озмунҳои “Голос”, “Песни” ва “X-Factor” ҳунарнамоӣ карда, дар Тоҷикистон ва берун аз он мухлисони зиёд пайдо кардаст.
Лентаи хабарҳо
0