https://sputnik.tj/20210822/putin-muholifi-gurezaho-afghon-osiyoi-markazi-1041821702.html
Путин гуфт, мухолифи ҷой додани гурезаҳои афғон дар Осиёи Марказист ва шарҳ дод, ки чаро
Путин гуфт, мухолифи ҷой додани гурезаҳои афғон дар Осиёи Марказист ва шарҳ дод, ки чаро
Sputnik Тоҷикистон
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, мухолифаташ ба ҷой додани гурезаҳои афғон бидуни раводидро дар Осиёи Марказӣ баён дошт
2021-08-22T18:29+0500
2021-08-22T18:29+0500
2021-08-22T22:03+0500
амният ва мудофиа
афғонистон
гуреза
владимир путин
вазифа
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041800432_0:0:1924:1083_1920x0_80_0_0_5d5fb8cd65b85f59fadbdb0f848935aa.jpg
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Президенти Русия азми кишварҳои ғарбиро барои ҷой додани гурезаҳои афғон бидуни раводид дар кишварҳои Осиёи Миёна танқид кард. Путин дар мулоқот бо намояндагони ҳизби ҳокими "Русияи воҳид" изҳор дошт, ки вазъи Афғонистон таъсири мустақим ба амнияти Русияро дорад. Ӯ гуфт, ин масъала дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви СААД ва дигар созмонҳо баррасӣ мешавад ва Русия дар тамоси доимӣ бо шарикон аз Осиёи Марказӣ қарор дорад. Путин кишварҳои Осиёи Марказиро наздиктарин иттифоқчиёни Русия хонда, афзуд, ки бо онҳо ҳеч маҳдудияти марбут ба раводиди сафар ҷой надорад. "Тасаввур кунед, ки ба ҳар яке аз ин кишварҳо гурезаҳо ворид гардиданд, мо аз куҷо медонем, ки дар байни онҳо кист. Онҳо метавонанд, ҳазорон нафар, садҳо ҳазор ва ҳатто миллионҳо бошанд. Мо бо онҳо ҳатто маҳдудият дар раводид надорем", - таъкид намуд Путин. Ӯ афзуд, марзҳо бо кишварҳои иттифоқчӣ ҳазорҳо километранд, ки онро метавон бо ҳар гуна воситаи нақлиёт, ҳатто тариқи хар убур кард. Раисиҷумҳури Русия таъмини амнияти миллиро яке аз вазифаҳои афзалиятдор хонд. Ин нигарониҳои Путин дар ҳолест, ки Толибон* марзу марказҳои асосии Афғонистонро ғасб карда, ташкили аморати исломиро эълон карданд. Бисёре аз шаҳрвандони ин кишвар дар пайи ғасбкориҳои Толибон* талоши фирор аз Ватан кардаанд ва бархеи дигар дар такопӯи баромадан аз ин кишваранд. * - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210822/masud-muzokirotash-tolibon-mavridi-hukumat-1041821491.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041800432_40:0:1852:1359_1920x0_80_0_0_d18374be235e893aee700c09a1fb69c5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, раисиҷумҳури русия, осиёи марказӣ
владимир путин, раисиҷумҳури русия, осиёи марказӣ
Путин гуфт, мухолифи ҷой додани гурезаҳои афғон дар Осиёи Марказист ва шарҳ дод, ки чаро
18:29 22.08.2021 (Навсозишуда: 22:03 22.08.2021) Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, мухолифаташ ба ҷой додани гурезаҳои афғон бидуни раводидро дар Осиёи Марказӣ баён дошт
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Президенти Русия азми кишварҳои ғарбиро барои ҷой додани гурезаҳои афғон бидуни раводид дар кишварҳои Осиёи Миёна танқид кард.
Путин дар мулоқот бо намояндагони ҳизби ҳокими "Русияи воҳид" изҳор дошт, ки вазъи Афғонистон таъсири мустақим ба амнияти Русияро дорад.
"Шарикони ғарбиямон пойфишорӣ доранд, ки гурезаҳои афғонро дар Осиёи Марказӣ то гирифтани раводиди ИМА ё кишварҳои ғарбӣ ҷой диҳанд. Яъне ба қаламрави худ бидуни раводид роҳ намедиҳанд, аммо ба кишварҳои ҳамсояи мо бе раводид мумкин будааст", - суол гузошт Путин.
Ӯ гуфт, ин масъала дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви СААД ва дигар созмонҳо баррасӣ мешавад ва Русия дар тамоси доимӣ бо шарикон аз Осиёи Марказӣ қарор дорад.
Путин кишварҳои Осиёи Марказиро наздиктарин иттифоқчиёни Русия хонда, афзуд, ки бо онҳо ҳеч маҳдудияти марбут ба раводиди сафар ҷой надорад.
"Тасаввур кунед, ки ба ҳар яке аз ин кишварҳо гурезаҳо ворид гардиданд, мо аз куҷо медонем, ки дар байни онҳо кист. Онҳо метавонанд, ҳазорон нафар, садҳо ҳазор ва ҳатто миллионҳо бошанд. Мо бо онҳо ҳатто маҳдудият дар раводид надорем", - таъкид намуд Путин.
Ӯ афзуд, марзҳо бо кишварҳои иттифоқчӣ ҳазорҳо километранд, ки онро метавон бо ҳар гуна воситаи нақлиёт, ҳатто тариқи хар убур кард.
Раисиҷумҳури Русия таъмини амнияти миллиро яке аз вазифаҳои афзалиятдор хонд.
Ин нигарониҳои Путин дар ҳолест, ки Толибон* марзу марказҳои асосии Афғонистонро ғасб карда, ташкили аморати исломиро эълон карданд. Бисёре аз шаҳрвандони ин кишвар дар пайи ғасбкориҳои Толибон* талоши фирор аз Ватан кардаанд ва бархеи дигар дар такопӯи баромадан аз ин кишваранд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар