https://sputnik.tj/20210822/masud-muzokirotash-tolibon-mavridi-hukumat-1041821491.html
Масъуд музокироташ бо Толибонро* дар мавриди ҳукумати оянда шарҳ дод
Масъуд музокироташ бо Толибонро* дар мавриди ҳукумати оянда шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Аҳмад Масъуд, роҳбари муқовимат дар музофоти Панҷшер, ягона минтақаи берун аз тасаллути Толибон* музокироташ бо аъзои ин ҳаракат дар мавриди ҳукумати оянда шарҳ дод
2021-08-22T17:52+0500
2021-08-22T17:52+0500
2021-08-22T17:52+0500
сиёсат
афғонистон
толибон
панҷшер
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/13/1031927442_0:33:1080:641_1920x0_80_0_0_cf1834ab530def09a05585e8223d79c1.jpg
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Аҳмад Масъуд мегӯяд, ташкили як ҳукумати ифротӣ аз ҷониби Толибон* қобили қабул нест. Ӯ дар суҳбат бо нашрияи Asharq Al-Awsat омодагияшро барои ҳамкорӣ бо Толибон* дар мавриди ташкили Ҳукумати оянда баён дошт. Ӯ афзудааст, ки ташкили ҳукумати тундгаро аз сӯи Толибон* на танҳо хатар барои Афғонистон, балки барои тамоми минтақа ва ҷаҳон мебошад. Дмитрий Жирнов, сафири Русия дар Афғонистон, мегӯяд, намояндаи дафтари сиёсии Толибон* аз дипломатҳои рус хостааст, паёми сиёсияшонро ба Панҷшер расонанд.Ба гуфтаи сафир, Толибон* аз Русия хостаанд, ба роҳбарони Панҷшер расонанд, ки то ҳол аъзои ин созмон ягон талоши бо зурӣ ворид шудан ба вилоятро накардаанд.“Толибон* бар инанд, ки масъларо бо роҳи сулҳомез, тариқи созиши сиёсӣ ҳал кунанд”, - афзудааст Жирнов.Панҷшер ягона вилояти берун аз тасаллути Толибон* аст, ки нерӯҳо таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд дар он ҷамъ омада, таъкид мекунанд, ки алайҳи зӯргӯиҳои ҷангиёни Толибон* мубориза хоҳанд бурд. Нерӯҳои Панҷшер ҷонибдорияшонро аз низоми исломии муътадил баён дошта, таъкид мекунанд, ки қудрат бояд дар дасти ҳукумати ҳамашумул бошад.*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210822/taslimi-masud-tolibon-bismillohhon-panjsher-havopaymoho-1041817304.html
афғонистон
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/13/1031927442_0:0:960:720_1920x0_80_0_0_80a9ccb34684f1aa54134445c8370071.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
масъуд, ҳукумати толибон, панҷшер
масъуд, ҳукумати толибон, панҷшер
Масъуд музокироташ бо Толибонро* дар мавриди ҳукумати оянда шарҳ дод
Аҳмад Масъуд, роҳбари муқовимат дар музофоти Панҷшер, ягона минтақаи берун аз тасаллути Толибон* музокироташ бо аъзои ин ҳаракат дар мавриди ҳукумати оянда шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Аҳмад Масъуд мегӯяд, ташкили як ҳукумати ифротӣ аз ҷониби Толибон* қобили қабул нест.
Ӯ дар суҳбат бо нашрияи Asharq Al-Awsat омодагияшро барои ҳамкорӣ бо Толибон* дар мавриди ташкили Ҳукумати оянда баён дошт.
"Мо омодаем бо Толибон* ҳукумати ҳамашумулро бо роҳи музокирот ташкил кунем. Он чизе ки қобили қабул нест, ин ташкили як ҳукумати ифротӣ мебошад", - изҳор доштаст Масъуд.
Ӯ афзудааст, ки ташкили ҳукумати тундгаро аз сӯи Толибон* на танҳо хатар барои Афғонистон, балки барои тамоми минтақа ва ҷаҳон мебошад.
Дмитрий Жирнов, сафири Русия дар Афғонистон, мегӯяд, намояндаи дафтари сиёсии Толибон* аз дипломатҳои рус хостааст, паёми сиёсияшонро ба Панҷшер расонанд.
Ба гуфтаи сафир, Толибон* аз Русия хостаанд, ба роҳбарони Панҷшер расонанд, ки то ҳол аъзои ин созмон ягон талоши бо зурӣ ворид шудан ба вилоятро накардаанд.
“Толибон* бар инанд, ки масъларо бо роҳи сулҳомез, тариқи созиши сиёсӣ ҳал кунанд”, - афзудааст Жирнов.
Панҷшер ягона вилояти берун аз тасаллути Толибон* аст, ки нерӯҳо таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд дар он ҷамъ омада, таъкид мекунанд, ки алайҳи зӯргӯиҳои ҷангиёни Толибон* мубориза хоҳанд бурд. Нерӯҳои Панҷшер ҷонибдорияшонро аз низоми исломии муътадил баён дошта, таъкид мекунанд, ки қудрат бояд дар дасти ҳукумати ҳамашумул бошад.
*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар