https://sputnik.tj/20210821/se-vulusvoli-panjsher-tahor-ozod-1041807210.html
Қиём дар Бағлон: се вулусволии ҳаммарз бо Панҷшеру Тахор озод шуд - видео
Қиём дар Бағлон: се вулусволии ҳаммарз бо Панҷшеру Тахор озод шуд - видео
Sputnik Тоҷикистон
"Толибон"* дар паи задухӯрд талафоти зиёд диданд ва аз минтақа фирор карданд
2021-08-21T10:02+0500
2021-08-21T10:02+0500
2021-08-21T10:02+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
амният ва мудофиа
афғонистон
ҷанг
толибон
талафот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041711491_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_1d422e36906f9f3c0fe002eb1e9f0abb.jpg
ДУШАНБЕ, 21 авг – Sputnik. Дар пайи як амалиёти хезишҳои мардумии вилояти Бағлон се вулусволии ҳаммарз бо дараи Панҷшер дар вилоят аз “Толибон”* озод шудандДаён Аҳмадӣ, яке аз фармондеҳони хурди ин хезишҳои мардумӣ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, вулусволиҳои Пули Ҳисор, Деҳ Салоҳ ва Бануи минтақаи Андаробҳо аз вуҷуди “Толибон”* бозпас гирифта шуданд ва ҷангҳо барои озодии вулусволии Хинҷон идома доранд. Тибқи иттилоои ин манбаъ, дар ин даргириҳо ҳудуди 15 ҷангии толиб кушта, 40 нафари дигар ҳам ба асорат афтодаанд, ки қисмате ҳам аз толибони маҳаллӣ мебошанд. Андаробҳо минтақаест, ки масири муҳими Ховок – Андароб аз он мегузарад ва дараи Панҷшерро бо вилоятҳои Бағлону Тахор васл мекунад. Озодии ин минтақа Панҷшерро аз осебпазиртарин нуқтаи шимолии дара – ағбаи Ховок дур месозад ва ҳам роҳро барои озодии вулусволиҳои Варсаҷу Фархори вилояти Тахор боз мекунад. Андаробҳо охирин минтақаи вилояти Бағлон буд, ки моҳи июл аз сӯи "Толибон"* ишғол шуда буд. Қаблан хезишҳои мардумӣ, ки ба Аҳмад Масъуд, раҳбари муқовимати миллии Афғонистон, тобеанд, манотиқе дар Парвон, вилояти аз ҷануб ҳаммарз бо вилояти Панҷшер, танҳо вилояти озод аз "Толибон"* -ро тасарруф карда буданд. Ҳаракати “Толибон”* то ба ҳол дар ин боб хабаре пахш накардааст.* - ”Толибон” – ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистону Русия.
https://sputnik.tj/20210821/ahmad-masud-ghani-panjsher-hond-1041806859.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041711491_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_50c3448874501664a10f13b5d089c580.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, талафот, афғонистон, задухӯрд
толибон, талафот, афғонистон, задухӯрд
Қиём дар Бағлон: се вулусволии ҳаммарз бо Панҷшеру Тахор озод шуд - видео
"Толибон"* дар паи задухӯрд талафоти зиёд диданд ва аз минтақа фирор карданд
ДУШАНБЕ, 21 авг – Sputnik. Дар пайи як амалиёти хезишҳои мардумии вилояти Бағлон се вулусволии ҳаммарз бо дараи Панҷшер дар вилоят аз “Толибон”* озод шуданд
Даён Аҳмадӣ, яке аз фармондеҳони хурди ин хезишҳои мардумӣ, ба
Sputnik Тоҷикистон гуфт, вулусволиҳои Пули Ҳисор, Деҳ Салоҳ ва Бануи минтақаи Андаробҳо аз вуҷуди “Толибон”* бозпас гирифта шуданд ва ҷангҳо барои озодии вулусволии Хинҷон идома доранд.
"Нерӯҳои мардумӣ аз чандин истиқомат болои "Толибон"* ҳамла оварда, ба онҳо талафоти сангин ворид карданд. Ҳамла ғофилгирона буд ва "Толибон"* аз минтақа фирор карданд", - гуфт ӯ.
Тибқи иттилоои ин манбаъ, дар ин даргириҳо ҳудуди 15 ҷангии толиб кушта, 40 нафари дигар ҳам ба асорат афтодаанд, ки қисмате ҳам аз толибони маҳаллӣ мебошанд.
Андаробҳо минтақаест, ки масири муҳими Ховок – Андароб аз он мегузарад ва дараи Панҷшерро бо вилоятҳои Бағлону Тахор васл мекунад.
Озодии ин минтақа Панҷшерро аз осебпазиртарин нуқтаи шимолии дара – ағбаи Ховок дур месозад ва ҳам роҳро барои озодии вулусволиҳои Варсаҷу Фархори вилояти Тахор боз мекунад.
Андаробҳо охирин минтақаи вилояти Бағлон буд, ки моҳи июл аз сӯи "Толибон"* ишғол шуда буд.
Қаблан хезишҳои мардумӣ, ки ба Аҳмад Масъуд, раҳбари муқовимати миллии Афғонистон, тобеанд, манотиқе дар Парвон, вилояти аз ҷануб ҳаммарз бо вилояти Панҷшер, танҳо вилояти озод аз "Толибон"* -ро тасарруф карда буданд.
Ҳаракати “Толибон”* то ба ҳол дар ин боб хабаре пахш накардааст.
* - ”Толибон” – ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистону Русия.