https://sputnik.tj/20210821/ahmad-masud-ghani-panjsher-hond-1041806859.html
"Агар метавонӣ, биё!" Аҳмад Масъуд Ғаниро ба Панҷшер хонд
"Агар метавонӣ, биё!" Аҳмад Масъуд Ғаниро ба Панҷшер хонд
Sputnik Тоҷикистон
Аҳмад Масъуд, 8 моҳ пеш ниҳ аз Ашраф Ғанӣ, президенти фирории Афғонистон хоста будааст, ки ба дараи Панҷшер ояд
2021-08-21T09:00+0500
2021-08-21T09:00+0500
2021-08-21T10:25+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
сиёсат
амният ва мудофиа
афғонистон
толибон
ашраф ғанӣ
масъуд аҳмад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/13/1041746672_0:288:3129:2048_1920x0_80_0_0_fb0824913e32ca9a936198a3625267af.jpg
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Аҳмад Масъуд, раҳбари муқовимати миллии Афғонистон, аз Ашраф Ғанӣ, президенти фирории Афғонистон хостааст, ки ба дараи Панҷшер ояд.Яке аз мушовирони ӯ дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон фақат Аҳмад Масъуд муддаии ин аст ва ин паёмро медиҳад, ки мо довталабона қудратро ба “Толибон”* таслим накардаем.Ин як гурӯҳи ишғолгар, ғосиб ва муздуру олати дасти бегона аст, мо як тими интихобӣ ва мардумӣ будем, бо як интихоботи нимбанд ба саҳна омада будем, ҳанӯз машруъияти сиёсӣ аз мо ҳаст ва аз ғасби қудрат розӣ нестем. Қаблан Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали президент Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, аз водии Панҷшер эълон карда буд, ки тибқи Сарқонунии феълии Афғонистон, дар ҳоли маризӣ, фирор ва ё марги президент ваколату масъулиятҳои ӯ ба муовини аввал мегузарад ва азбаски Ашраф Ғанӣ ба хориҷи кишвар фирор кардааст, ӯ сарпараст ё иҷрокунандаи вазифаҳои ӯ хоҳад буд. Дар ҳамин ҳол, мушовири Аҳмад Масъуд гуфт, Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисҷумҳур аст, аммо таҳти фармони Ҳоҷӣ Аҳмади Масъуд кор мекунад. "Агар ташкилот ё кобинаи нав дар оянда ҷӯр шавад, аз сӯи Аҳмади Масъуд хоҳад шуд. Маъно ва мафҳуми эълони Амруллоҳ Солеҳ ин аст. Маънояш ин нест, ки ин ҷо як ҳукумати дигар ҷӯр мекунад. Ҳукумати ояндаро Ҳоҷӣ Аҳмади Масъуд таъйин мекунад, зеро танҳо ӯ ба ҳимоят аз ин низом дар саҳна мондааст. Раисҷумҳури ояндаи Афғонистон низ бояд тибқи қонун аз роҳи интихобот интихоб мешавад”, - гуфт ӯ. Дар ду моҳи гузашта “Толибон”* муваффақ шуд 33 вилояти Афғонистонро таҳти тасарруфи худ дароварда, низоми Иморати исломии Афғонистонро эълон карданд. Танҳо вилояте, ки боқӣ монда, аз низоми Ҷумҳурии исломии Афғонистон ҳимоят мекунад, Панҷшер аст. * - ”Толибон” – ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистону Русия.
https://sputnik.tj/20210818/rusiya-shubha-neruhoi-soleh-1041721883.html
https://sputnik.tj/20210818/ahmad-masud-naqsh-oyandai-afghoniston-taqsimi-sarvat-qudrat-1041722212.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/13/1041746672_199:0:2930:2048_1920x0_80_0_0_9b498cd5bb2d915c49617495194cdb3f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аҳмад масъуд, ашраф ғанӣ, панҷшер
аҳмад масъуд, ашраф ғанӣ, панҷшер
"Агар метавонӣ, биё!" Аҳмад Масъуд Ғаниро ба Панҷшер хонд
09:00 21.08.2021 (Навсозишуда: 10:25 21.08.2021) Ҳанӯз ҳашт моҳ пеш аз Ашраф Ғанӣ даъват шуда буд, ки ба дараи Панҷшер ояд
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Аҳмад Масъуд, раҳбари муқовимати миллии Афғонистон, аз Ашраф Ғанӣ, президенти фирории Афғонистон хостааст, ки ба дараи Панҷшер ояд.
Яке аз мушовирони ӯ дар таъйиди ин хабар ба
Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон фақат Аҳмад Масъуд муддаии ин аст ва ин паёмро медиҳад, ки мо довталабона қудратро ба “Толибон”* таслим накардаем.
Ин як гурӯҳи ишғолгар, ғосиб ва муздуру олати дасти бегона аст, мо як тими интихобӣ ва мардумӣ будем, бо як интихоботи нимбанд ба саҳна омада будем, ҳанӯз машруъияти сиёсӣ аз мо ҳаст ва аз ғасби қудрат розӣ нестем.
"Ҳеҷ баъид нест, ки доктор Ашраф Ғанӣ ҳам пушаймон шуда аз рафтанаш, барбигардад. Мо ӯро 8 моҳ пеш дар Арки раёсатиҷумҳурӣ гуфта будем, ки биё, биравем Панҷшер. Он вақт наомад. Ҳоло ҳам барояш гуфтем, ки дарҳои Панҷшер барои ту боз аст, агар метавонӣ, биё. Ғанӣ ҳамоно як раисҷумҳури мунтахаб ва аз сӯи ҷомиаи байнулмилалӣ эътирофшуда аст”, - гуфт ӯ.
Қаблан Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали президент Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, аз водии Панҷшер эълон карда буд, ки тибқи Сарқонунии феълии Афғонистон, дар ҳоли маризӣ, фирор ва ё марги президент ваколату масъулиятҳои ӯ ба муовини аввал мегузарад ва азбаски Ашраф Ғанӣ ба хориҷи кишвар фирор кардааст, ӯ сарпараст ё иҷрокунандаи вазифаҳои ӯ хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол, мушовири Аҳмад Масъуд гуфт, Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисҷумҳур аст, аммо таҳти фармони Ҳоҷӣ Аҳмади Масъуд кор мекунад.
"Агар ташкилот ё кобинаи нав дар оянда ҷӯр шавад, аз сӯи Аҳмади Масъуд хоҳад шуд. Маъно ва мафҳуми эълони Амруллоҳ Солеҳ ин аст. Маънояш ин нест, ки ин ҷо як ҳукумати дигар ҷӯр мекунад. Ҳукумати ояндаро Ҳоҷӣ Аҳмади Масъуд таъйин мекунад, зеро танҳо ӯ ба ҳимоят аз ин низом дар саҳна мондааст. Раисҷумҳури ояндаи Афғонистон низ бояд тибқи қонун аз роҳи интихобот интихоб мешавад”, - гуфт ӯ.
Дар ду моҳи гузашта “Толибон”* муваффақ шуд 33 вилояти Афғонистонро таҳти тасарруфи худ дароварда, низоми Иморати исломии Афғонистонро эълон карданд.
Танҳо вилояте, ки боқӣ монда, аз низоми Ҷумҳурии исломии Афғонистон ҳимоят мекунад, Панҷшер аст.
* - ”Толибон” – ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистону Русия.