https://sputnik.tj/20210821/barodar-dodar-janjol-kord-vkd-1041808715.html
Бародар бо додар ҷанҷол карду кордро ба шикамаш зад - шарҳи ВКД
Бародар бо додар ҷанҷол карду кордро ба шикамаш зад - шарҳи ВКД
Sputnik Тоҷикистон
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона бистарӣ гаштааст
2021-08-21T12:26+0500
2021-08-21T12:26+0500
2021-08-21T12:32+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
бародар
корд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102466/02/1024660285_0:1:1200:676_1920x0_80_0_0_209c39ca2fba11d5efa9f9284edb52f9.jpg
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ҳодисаи ҷанҷоли хунуни баробар бо додарро дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шарҳ додааст.Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса дар заминаи ҷанҷоли ҳарду, ки сабабаш гуфта намешавад, сар задааст.Манбаъ менависад, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷ.Расулов дастгир шуд."Номбурда ба қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ба додараш муттаҳам мешавад", - омадааст дар гузориш.Ӯ санаи 10-уми августи соли 2021, тахминан соати 21:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо бародараш, марди 32-солаи сокини шаҳраки мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба тарафи чапи шиками охирон задааст.Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210820/kordkashii-dodar-sui-barodarbuzurgi-57-solaash-1041766452.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102466/02/1024660285_150:0:1051:676_1920x0_80_0_0_f7ca2f2072180a98a11098b9105b5e80.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кордкашӣ
Бародар бо додар ҷанҷол карду кордро ба шикамаш зад - шарҳи ВКД
12:26 21.08.2021 (Навсозишуда: 12:32 21.08.2021) Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона бистарӣ гаштааст
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ҳодисаи ҷанҷоли хунуни баробар бо додарро дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шарҳ додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса дар заминаи ҷанҷоли ҳарду, ки сабабаш гуфта намешавад, сар задааст.
Манбаъ менависад, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷ.Расулов дастгир шуд.
"Номбурда ба қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ба додараш муттаҳам мешавад", - омадааст дар гузориш.
Ӯ санаи 10-уми августи соли 2021, тахминан соати 21:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо бародараш, марди 32-солаи сокини шаҳраки мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба тарафи чапи шиками охирон задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.