https://sputnik.tj/20210820/kordkashii-dodar-sui-barodarbuzurgi-57-solaash-1041766452.html
Кордкашии додар сӯи бародарбузурги 57-солааш
Кордкашии додар сӯи бародарбузурги 57-солааш
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳодисаи кордкашии бародар сӯи бародар дар шаҳри Кӯлобро таҳқиқ мекунанд
2021-08-20T15:05+0500
2021-08-20T15:05+0500
2021-08-20T15:05+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҷанг
куштор
корд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040337297_0:28:3000:1716_1920x0_80_0_0_a60b887ef9ef90996d77a5fd68541808.jpg
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Маъмурини милиса марди 46-сола, сокини шаҳри Кӯлобро бо гумони қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ дастгир карданд, хабар дод ВУД Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, ҳодиса 19-уми августи соли 2021, тахминан соати 04:30-дақиқа дар хонаи истиқоматии бародарон рух додаст. "Марди 46-сола бо бародараш марди 57-сола, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 7 маротиба ба узвҳои баданаш задааст", - омадааст дар иттилоия. Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад. Қаблан мақомоти умури дохилии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки бисёре аз ҷиноёти вазнин дар заминаи муноқишаҳои оилавӣ рух медиҳанд ва аз шаҳрвандон даъват намуданд, ки ботаҳаммул бошанд.
https://sputnik.tj/20210204/Ombudsmen-2020-noboligon-jinoyat-sodir-kardaand-1032757469.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040337297_205:0:2872:2000_1920x0_80_0_0_5e16a3884ae5852f560bfabba8282dc3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
корд, вазорати умури дохилӣ, ҳодиса, кӯлоб
корд, вазорати умури дохилӣ, ҳодиса, кӯлоб
Кордкашии додар сӯи бародарбузурги 57-солааш
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳодисаи кордкашии бародар сӯи бародар дар шаҳри Кӯлобро таҳқиқ мекунанд
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Маъмурини милиса марди 46-сола, сокини шаҳри Кӯлобро бо гумони қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ дастгир карданд, хабар дод ВУД Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса 19-уми августи соли 2021, тахминан соати 04:30-дақиқа дар хонаи истиқоматии бародарон рух додаст.
"Марди 46-сола бо бародараш марди 57-сола, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 7 маротиба ба узвҳои баданаш задааст", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад. Қаблан мақомоти умури дохилии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки бисёре аз ҷиноёти вазнин дар заминаи муноқишаҳои оилавӣ рух медиҳанд ва аз шаҳрвандон даъват намуданд, ки ботаҳаммул бошанд.