Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Сафири Русия дар бораи пуштибонӣ наёфтани Солеҳ ва нақшаи Толибон* дар Панҷшер

© AP / Rafiq MaqboolВице-президент Афганистана Амрулла Салех
Вице-президент Афганистана Амрулла Салех - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2021
Обуна шудан
Дмитрий Жирнов имкони ноиби президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳро барои муқовимат бо Толибон* зери суол бурд
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Сафири Русия дар Афғонистон Дмитрий Жирнов дар суҳбат бо Шабакаи аввал гуфт, аҳолии Кобул аз ноиби президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ, ки худро сарвари қонунии давлат эълон кардааст, пуштибонӣ накарданд.
Ба гуфти ӯ, ин ба он вобаста аст, ки режими собиқ президенти Ашраф Ғаниро, ки аз кишвар фирор кард, аксари мардум қабул надоранд.

"Дар Кобул касе ба тарафдории ноиби президент, Солеҳ барнахост", - гуфт Жирнов.

Ба гуфти сафири Русия, ҳоло Толибон* постгоҳҳо месозанд ва ба ҳеҷ кас иҷозати вуруд ба Панҷшерро намедиҳанд, то бетартибии иловагӣ ба миён наояд.
"Аммо дар ҳоли ҳозир ман ҳеҷ иттилое надорам, ки Толибон* алайҳи Панҷшер ягон амали хушунатбор анҷом диҳанд", - гуфт ӯ.
Ба гуфти Жирнов, намояндагони асосии сиёсии Толибон* ҳанӯз ба Кобул наомадаанд, вай гуфт, яке аз онҳо, раҳбари дафтари сиёсии ин ҳаракат Мулло Бародар аз Қандаҳор ба Кобул ҳаракат мекунад.
"Агар ӯ дар Кобул бошад, вай раҳбар хоҳад буд", - афзуд Жирнов.
Ёдовар мешавем, ки 15 август Толибон* Кобулро ишғол карданд ва қасри раёсати ҷумҳурро таҳти назорат гирифтанд. Раҳбари Афғонистон Ашраф Ғанӣ барои "ҷилавгирӣ аз куштор", - кишварро тарк кард.

Абдель Гани Барадар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Дар ИМА гуфтанд, кӣ раҳбари Афғонистон мешавад
Сухангӯи дафтари сиёсии Толибон* Муҳаммад Наим рӯзи 16 август эълон кард, ки ҷанг дар Афғонистон ба охир расид.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 17 август ноиби президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ худро муваққатан раҳбари давлат эълон кард.
Бояд гуфт, ки вазъият дар Афгонистон хусусан ҳафтаҳои охир бо ҳуҷуми ҳаракати радикалии Толибон* ба шаҳрхои калон тезутунд шуд. Ин гурӯҳи радикалӣ, тамоми гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва марказҳои асосии кишварро таҳти назорат дорад.
* - ҷунбиши Толибон террористӣ эътироф шудааст ва дар Русияю Тоҷикистон мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0